Мақомоти олии қонунгузор

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди кишвари азизамон мақоми хоса дорад. Тавре дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 – уми апрели соли 2020 баён гардид: «Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад».

Бояд иброз намуд, ки 17 апрел  Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин Иҷлосия ҳамагӣ 31 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интихоб ва таъингардида, буданд ширкат доштанд.

Тибқи рӯзномаи Иҷлосия 10 масъала муайян шуда, аз ҳама масъалаи муҳими баррасишаванда интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.

Бояд иброз намуд, ки вакилони Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар муҳокимаи масъалаи рӯзномаи иҷлосия хеъло оқилона рафтор намуданд. Зеро, бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди якчанд узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Бояд иброз намуд, ки ин иқдоми аъзоёни тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр дурандешона ва саривақтӣ буд. Зеро Рустами Эмомалӣ дастпарври Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, таҷрибаи кофии такомулёфта дошта, дар мақомотҳои мухталифи давлатӣ фаъолият намуда, ҳоло барои рушди пойтахти кишвар шоҳри Душанбе саҳми басо бузург гузошта истодаанд.

Ҷиҳати дигари аҳамиятбахш будани Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар он буд, ки баробари муайян гардидани шахсони ваолатдор дар 5 соли оянда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи суханронӣ намуда, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла “вабои аср –  коронавирус” ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар Иҷлосияи якум Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтори одилона дар оғози фаъолият ин таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар қарори Иҷлосия дар Маҷлиси миллӣ 5 кумита ва Комиссия оид ба назорат таъсис дода шуд.

Интихоби роҳбари ин кумитаҳо, мовини аввал ва муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, аз ҷумлаи муттахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф буданд. Албатта, аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ ва нерўи баланди зеҳнӣ мебошанд. Намояндагони ваколатдоршуда ва ҳар як аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ба таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон ҳамкории густурда дошта бошанд. Қонунҳо дар чунин сурат санҷидаву пухта таҳия ва қабул гардида, ба ҷомеа ва давлат манфиати бештар меоранд.

Итминони комил дорем, ки сиёсати давлату ҳукумат ба татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум меҳвари асосии сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ равона гардидааст, ки ин сиёсати созанда арзёбӣ мегардад.

Бо боварӣ метавон иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ дар баробари тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳарчи бештар таҳкиму тақвият додани заминаҳои қонунгузорӣ бо иштироки Маҷлиси миллӣ корҳои пурмашаққат ва пурмаҳсул анҷом меёбад.

Изҳороти Муртазоқулов М. – н.и.и., дотсенти

кафедраи технологияҳои иттилоотию

коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like