Аъзоёни давъати нави Маҷлиси миллӣ баҳри пешрафти Тоҷикистон хизмат мекунанд!

17-уми апрели соли ҷорӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он масъалаи интихоби Раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони он ва дигар масъалаҳо рӯз баррасӣ карда шуд.

Ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллӣ аъзоёни Маҷлиси миллӣ дастҷамъона раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалиро интихоб намуданд. Бояд қайд кард, ки  ба аъзогии Маҷлиси миллӣ бисёр шахсиятҳои арзанда интихоб шудаанд, ки онҳо дар кори таҳкими қонунгузорӣ дар мамлакат нақши арзанда хоҳанд гузошт. Рустами Эмомалӣ ҳамчун ҷавони таҷрибанок дар вазифаи Раиси Маҷлиси миллӣ ҳайати нави аъзоёни тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва ривоҷи корҳои бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат сафарбар менамояд. Роҳбари нави палатаи болоии мамлакат  новобаста аз ҷавониаш таҷрибаи хуби роҳбарӣ дорад. Ӯ дар якчанд вазифаҳои давлатӣ пурсамар фаъолият намуд. Бояд зикр кард, ки алҳол ӯ дар вазифаи Раиси шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Бо роҳбарии ӯ дар Душанбе корҳои зиёди ободонию созандгӣ ба роҳ монда шуд ва симои пойтахт ба таври куллӣ тағйир ёфт.

Ман боварии комил дорам, ки Раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ  Маҷлиси Олии мамлакат Рустами Эмомалӣ тамоми дониш, қувва ва қобилияти худро баҳри манфиати ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳони муосир равона хоҳад кард.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like