Бузургӣ ба ақл аст…

Мо, аъзоёни кафедраи забони тоҷикии донишго аз Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб  гардидани шахси арзанда ва ба ободиву ояндаи Ватан камарбаста-Рустами Эмомалӣ ниҳоят шоду мамнунем.

Рафти баргузории интихобот ва пешбарии номзадҳоро аз расонаҳо ва телевизион дида огоҳ шудем, ки интихобот барои интихоби раис ва муовинони Маҷлиси миллӣ аз рӯи принсипи демократӣ шаффоф баргузор шуд. Дар ҳақиқат, Рустами Эмомалӣ шахси дар роҳбарӣ варзида, ҳамчунин таҷриба ҳосилкарда буда ӯ ду мактаби олии намоёнро хатм намудааст. Ҳамчунин дар вазифаҳои масъул-ҷонишини сардори Хадамоти гумрукӣ ҷумҳурӣ, пас аз чандвақт сардори хатамоти мазкур, баъд аз он якчанд сол дар вазифаи ниҳоят ҳассос – сардори Агентии давлатии мубориза бо коррупсия заҳмат кашидааст. Ин амалҳои неки ӯро ба инобат гирифта шуда, ӯро ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе сазовор донистанд.        Бо баробари ба ин вазифа омадани ӯ пойтахти кишвар ободу зебо гашт, симои шаҳр ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Рӯз аз рӯз ободии кишвар аз симои Душанбешаҳр намоён аст. Душанберо аҳли маърифати дунё чун маскани ободиву зебоӣ, сулҳу салоҳ мешиносанд.

Имрӯзҳо мо аҳли зиёи донишгоҳ  аз Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани фарзанди шахсияти барӯманди Ватан Рустами Эмомалӣ хеле мамнунем.Чунки ин дилсӯзи миллат ба халқу диёри худ некиҳои зиёд карда метавонад.

Кенҷаев Ю. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like