Давлати озоду демократӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони аввали соҳибистиқлолии худ чанги бародаркуш ва хонумонсӯзиро дидааст. Ин ҷанге, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати мо аз сар гузаронидааст ҳоло ҳам пеши назари мардум аст, ҳоло ҳам фаромӯш нашудааст ва барои мо – тоҷикистониён басандааст.

Зеро мо  меваи талхи чанги хонумонсӯзро чашидаем ва намехоҳем, ки он такрор ёфта бошад.  Ҳамаи ҷанги бародаркуширо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтрам Эмомалӣ Раҳмон бартараф намуданд, дар давоми 29-сол бисёр муаммоҳои ичтимоӣ ва иқтисодӣ аз тарафи ин шахси баруманд бартараф шуд. Мо боварии комил дорем, ки аз интихоби вакилони нави интихобшуда ва ба Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудани Рустами Эмомалӣ ва муовинон Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор Доёрович ба ҳамаи равандҳои рушди иқтисодию ичтимоии давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Имрўзҳо мушоҳида карда мешавад, ки хоинони миллат яъне, пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони моро ба митингу тазоҳуротҳои бемаънӣ даъват менамоянд.

Ҷавонони даврони истиқлолият  ақлу идрок ва рафтори ҳамида дошта   ба ҳар гуна фиребу найрангҳои наҳзатиёни ватанфурўш, ки аз аврупо истода мақсадҳои ғаразноки худро  ба воситаи шабакаҳои иҷтимои амалӣ гардонидаанд фирефта намешаванд.

Тоҷикистониён имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ мекунанд ва қудрате доранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳое ,ки ба суботи сиёси кишвар таҳдид менамояд, аз байн баранд.

Бояд гуфт,ки милати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найрангӣ фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афрод, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқадас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонад, ҳаргиз нахоҳад бахшид.

Аз ин лиҳоз, имрўз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан ҷавонони шарафманди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаргиз нагузорем, ки аз номи миллати мо чан тан бозичаи дасти хоҷагони хориҷи сухан гўяд.

Барои ин  моро зарур аст, ки арзишҳои миллиро аз дигар манфиатҳо боло гузорем, бо зиракии сиёсӣ ва кору амали шоистаи худ дар пешрафту тараққиёти ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Носирҷонова М.Ҳ. – н.и.и., дотсенти

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like