Изҳороти кафедари сиёсатшиносӣ нисбати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шудани Рустами Эмомалӣ
Хурсандибахш аст, ки Рустами Эмомалӣ ба вазифаи пуршарафи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад ки воқеан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сазовори боварии мардум ва аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро соҳиб гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки мўҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳангоми иҷроии вазифаи пурмасъулияти роҳбари шаҳри Душанбе шарафмандона меҳнат намуда, пойтахти мамлакатро ба як маркази ободу зебо табдил дод, инфросохтори иҷтимоию коммуникатсионии Душанберо таҷдид намуда рушд дод.
Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва кафедра бо боварии комил гуфта метавонем, ки Рустами Эмомалӣ дар вазифаи пурмасъулияти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафмандона ва пурмаҳсул кору фаъолият намуда кишвари маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо мегардонад ва ба зинаҳои боз ҳам баландтари тараққиёту инкишоф мебардорад.
Аҳли кафедари сиёсатшиносии ДДҲБСТ