Болидахотирии мардуми тоҷик!
Дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим номзадии Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Аз ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъин шудани Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хеле болидахотир шудам. Ин марди фарзонаи дунёи сиёсатро ба ин муносибат табрик мегуям.
Қайд кардан зарур аст, ки Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон шахси арзанда буда, дар олами сиёсат қадамҳои устувор мегузорад. Дар тӯли фаъолияти кориаш дар вазифаҳои гуногун обутоб ёфта, ҳар як масъулияти бар дӯшаш гузоштаро бо ҳисси баланди ватандӯстиву мардумпараварӣ, кордониву ҷасорат, хирадмандию адолатпешакӣ ва ободкориву созандагӣ иҷро намуда, то ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе расид.
Маҳз дар ҳамин давраҳо пойтахт гул-гул шукуфт. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум чунин таъкид ва раҳнамоӣ намуданд: “Бовар дорам, ки шумо аъзои Маҷлиси миллӣ, салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва нерӯи худро дар роҳи амали намудани ҳадафҳои олии милливу давлати равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафти ободии ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред.
Дар ҳақиқат арзандатарин сиёсатмадори тоҷик ҳастанд. Ба раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташон комёбиҳоро таманно дорам.
Тамоми мардуми тоҷик бо шахсиятҳои таърихиашон фахр мекунанду меболанд. Мо тоҷикон бо Шумо фахр дорем – Рустами Эмомалӣ фарзанди фарзонаи миллат!
Хоҷаева М.И. – н.и.и., дотсенти
кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ