Майдоннишинии беасоси ҲСДТ
Ба Раёсати Шўрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилонро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд гуфтанием, ки ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Хулосаҳои пешакии асоси ҳуқуқӣ надошта, ба манфиати кор нахоҳад буд. Дар интихоботи баргузоргардида сарфи назар намудани райъи интихобкунандагонро далел ва исботи аниқ мебояд кард.
Дар интихоботи баргузоргардида намояндагони Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳайси нозирон ва назораткунандагон ширкат варзида буданд ва дар ҷамъбасти он ва нишасти матбуотӣ онро мусбӣ ва шаффоф арзёбӣ намуда буданд. Даъват намудани аъзоёни ҳизб ба гирдиҳамоиҳо ин роҳи ҳалли масъали мазкур шуда наметавонад. Намояндагони ин азҳоби сиёсиро зарур аст, ки оромӣ ва сулу суботи кишварро халалдор насозанд.
Натиҷаи интихоботро дуруст баррасӣ намоянд ва аз ҳар гуна андешаҳои беасос худдорӣ намоянд. Натиҷаи интихоботро, ки Раёсати Шўрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ эътироф намудааст инро бояд бо далелҳои раднопазир бояд исбот намуд на балки бо андешаҳои пешакӣ ва хом. Фаромўш набояд кард, ки гирдиҳамоиҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардуми кишвари азизамон бадбахтиҳои зиёдеро оварда буд, ки тасаввур кардан хеле мушкил аст.
Аз ин рӯ бояд гирдиҳамоиҳо роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ набуда, мусолиҳа роҳи беҳтарини ин масъалаҳо ба ҳисоб меравад;
– аъзоёни ҳизби мазкурро зарур аст ки сари ин масъала бори дигар андеша намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки ҳаёт ин худ муборизаи бошуурона аст;
– аз анҷумани ғайринавбатии Раёсати Шўрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки моҳи май баргузории онро эълон доштаанд баррасии масълаи мазкур бори дигар дар назар будааст бояд роҳи мусолиҳаро пешаи худ созанд ва мардумро ба ободиву осиштагӣ даъват намоянд на митингу майдонбозӣ.
Мирзоев А. – сармуаллими кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ