Изҳороти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ роҷеъ ба эътирози як гурўҳи наҳзатиён ба қарори ихроҷи Ҳизбулло Шовализода аз Австрия

Рости гап пас аз хондани ин маълумот аз сомонаи Akhbor.com баъзан латифаҳо оиди Афандӣ ба ёд омад. Шояд ки худи Ҳизбулло Шовализода низ яке аз нафарони гумроҳгардида зери таъсири саъю кўшишҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб равад. Ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурўғ дода шуда, пас аз амалҳои экстримистию террористӣ фирори Тоҷикистон кардааст. Ба куҷо? Ба шаҳри Венаи Австрия, барои паногоҳҷўии сиёсӣ. Оё Австрия ба ҷузъ тарафгирии чунин шахсони ошўбгар  ва даст ба ҷиноят зада дигар кор надорад? То ин дам ин масъала проблема набуд, вале пас аз ихроҷ гардидан аз Австрия, рўи об бароварданаш.

Ҳар шахсе, ки ба Ватан хиёнат кардааст, падару модари хешро ба ғаму андўҳ мубтало сохтааст, дар назди қонун ҷавобгар аст. Аз рўи маълумотҳо тайи солҳои охир дар ҳудуди 10 хазор нафар аз Тоҷикистон барои талаби паногоҳи сиёсӣ ба кишварҳои Аврупо фирор кардааст. Онҳо падару модар, шояд зану фарзанд дошта бошанд. Пас, тақдири кўдакони тоҷик дар чӣ ҳол аст? Чӣ хел аз онҳо фардони бо нангу номус, бо илму фарҳанг ба воя мерасад.

Ҳамаи ин, оқибатҳои таъсири фаъолияти ТТЭ ҲНИ аст. Нест бод наҳзатиён!

Аҳли кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ДДҲБСТ

You might also like