Ватанхоҳӣ на бо сухану на бо танқиди беасос
Чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаеро бо номи «Садои мардум» ё садои мурдор, ки нисбати фаъолияти хоинонаи ташкилоти экстремистиву террористии «Гуруҳи 24», ки Сангинзода Зафар – таҳлилгари тоҷик навишта буд мутолиа намудем.
Ростӣ, онҳо кистанд, аслан касе намешиносад, чанд бехабаре бехираде, ки худро ҳомии озодию демократия медонанду бо тамоми неру худро ҳақ мешуморанд ва нисбати Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар бадгӯи мекунанд. Мо хуб медонем, ки ғарази таъсисёбии Гуруҳи 24 дар чист?
Ғарази Шумо гумроҳонро ҳамчун ифодакунандаи нақш истифода бурда наворатон мегиранд, то ба ҳамаи ҳадафи худ, ки танқиди Тоҷикистон аст бирасанд. Агар Шумо воқеан дилсӯзи миллат ҳастед, биёед ба Ватан ва бо дили поку нияти пок барои фардои ободи Тоҷикистон хидмат намоед. Агар ободгар бошед, аз дохил истода Ватанро обод кунед, ки на ин ки аз дур истода, нисбати Ватан, миллат бадгӯӣ намоед. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат доимо даъват ба амал оварда, таъкид менамоянд, ки: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”. Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд.
Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем. Мо кулли шаҳрвандони тоҷик хуб медонем, ки ин гуруҳҳои ба ном озодандешу дар асл ифротгаро дар хориҷи кишвар чӣ меҷӯянд. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои аҳмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.
Болтуева М.Ё. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ