Изҳороти кафедраи забони тоҷикӣ дар хусуси ҳуҷуми ваҳшиёнаи гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи марзӣ

Таърихи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона намудаанд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоқикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ қойгир буда, дар натиҷаи амалиёти террористии шахсони  мусаллаҳ афсарони ҳарбии Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Мо ин хабарро шунида хеле ба изтироб омадем, ин террористони беимон шахсони бегуноҳро, ки дар хизмати Ватан буданд, ба қатл расонидаанд. Онҳо хоинони зархариди гурӯҳи террористианд, ки барои амалҳои нопоки худ аз ягон кори бад рӯ наметобанд. Тибқи маълумоти расонаҳо ин афрод, ки 15-нафарашон кушта шуда, 5-нафарашон дастгир шудаанд аз вилояти Суғд буда дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доштаанд. Ин маънои онро дорад, ки қувваҳои нопок метавонанд ҷавонони ноогоҳро дар куҷое набошад ба ҷониби худ даъват намуда ба амалҳои нопок истифода баранд.

Ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки зиракии сиёсисоро аз даст надода, доимо дар ҳимояи марзу буми меҳани азизамон омода бошанд. Мо қотеъона талаб мекунем, ки террористони дастгиршуда бинобар хуни ноҳақ рехтанашон ба ҷазои сахттарин маҳкум карда шаванд.

Аҳли кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like