Асоси пешрафт ва нишонаи демократия аст
Дар оғози сухан саволе ба вуҷуд меояд, ки Радиои Озодӣ чи ҳуқуқ дорад, вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як нафар шахсе ки сабабгори тамоми бадбахтиҳои халқи тоҷик мебошад баррасӣ намояд.
Радиои Озодӣ ин худ воситаи вайронкунандаи фикру андешаи солими аҳолӣ мебошад, ки бо маводҳои интишор мекардаи худ мехоҳад авзои сиёсиро ноором созад.
Суҳбате ки дар остонаи интихобот аз ҷониби корманди Радиои Озодӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъшудаи террористӣ ва экстремистӣ эълон гардида ба воқеият ягон наздикӣ ва асосе ҳам надорад. Зеро интихоботи санаи якуми марти соли 2020 баргузоргардида аз ҷониби чи мушоҳидони байналмилалӣ ва чи мушоҳидони миллӣ демократӣ, озод ва шаффоф эътироф гардид. Аксарияти шаҳрвандони ба синни муқаррарнамудаи қонун расида дар рузи интихобот иштирок намуда ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз доданд.
Назари Муҳиддин Кабирӣ оиди он, ки интихоботи баргузоргардида поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ мебошад хатои маҳз аст, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ҳафт ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад ва дар интихоботи баргузоргардида ба ҳамаи онҳо шароит ва имконияти якхела дода шуда буд. Интихоботи ба таври озоду шафоф доиргардида бозгўи он аст, ки имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гуногунандешӣ ҳукмфармо мебошад. Ин ҳамсуҳбатҳо аз диду назари худ, ки бадхоҳони миллат ва давлати мо мебошанд бо суханҳои иғвоангез ва беасосу мардумро ба гумроҳӣ мебурда мехоҳанд вазъияти орому осоиштаи кишварро халал созанд.
Бе таҳлилу баррасии ҷараёни интихоботи доиргардида аз ҷониби душманони ашадии миллати тоҷик, тамоми халқиятҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда фикру андеша, нуқтаи назар ва изҳороти худро баён кардаанд ва барои пешрафт ва гулгулшукуфоии давлат дар интихобот иштирок варзиданд ва райъи худро доданд.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистӣ
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ