Интихоботи шаффофу қонунӣ

Дар мусоҳибаи худ роҳбари ТЭТ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ба радиои Озодӣ хабар додааст, ки гуё интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон «поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ мебошад».

Бояд ишора гардид, ки мутобиқи талаботи қонунгузории ҷорӣ барои баргузории маъракаи интихоботи дар саросари Тоҷикистон корҳои омодагӣ дида шуда, дар ҳама ҳавзаҳо ҳайати босалоҳияти комиссияҳои корӣ фаъолияти худро бемамоният ва дахолати беруна пеш бурдааст.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шашумин интихоботи парламентӣ дар кишвар мебошад. Тибқи моддаи 10-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон чор комиссияи зерини интихобот ташкил карда мешавад:

– Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;

– комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;

– комиссияҳои участкавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон.

Гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, ба мисли интихобот зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатиро тақозо менамуд. Дар ин замина, тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини роҳбарӣ ҷиҳати омода кардан ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсӣ, дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1995 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) таъсис дода шуд.

Дар қаламрави кишвар барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ ва барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ гардидааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ташкил карда шудааст.

Ҳамаи ин ба фикри мо, нишонаи он аст, ки якум, интихобот дар чаҳорҷўбаи қонунҳои амалкунанда суръат гирифта истодааст, дуюм дар он тамоми ҳизбҳои ба қайди давлатӣ гирифташуда ба таври васеъ иштирок карда метавонанд.

Суханҳои М.Кабирӣ худ беасос ва ғайри қонунӣ буда, худ як мақсадро пайбарӣ менамояд: дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном кардани ватани азизи мо мебошад.

Мувофиқи иттилои Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд. То соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 млн 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд.

Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. 75,1 % овоз додани интихобкунандагон аз он шаҳодат медиҳад,  ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле боло рафта, онҳо дар чунин маъракаҳои сиёсӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

Маълум мегардад, ки аҳолии мамлакат нисбати тақдир ва ояндаи Тоҷикистон бе тараф набуда дар интихобот фаъолона иштирок намуданд.

Дар давоми сухбати худ М. Кабирӣ нисбати даврат ва ҳукумати кишвар суханони қабеҳ ва беасосро баён намуда, бо бадхоҳӣ ва кина фирки худро доир ба интихоботи якуми марти соли 2020 кишварамон баён намудааст.

Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар интихоботи гузашта бо як руҳияи баланд иштирок намудем, ба М.Кабирӣ ва ҳамфикрони вай гуфтанием, ки кори сиёҳи бадномкунии давлатро ба хотима расонанд, зеро ин кор танҳо ба харобӣ ва вайрон корӣ мебиёраду халос.

Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like