Изҳороти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ оиди фаъолияти ифротии Ҳизбулло Шовализода
Дар ҷомеаи демократӣ риояи қонуну тартибот яке аз рукнҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳизбулло Шовализода, ки соли 2015 тарафдори генерали хоин Абдҳалим Назарзода буд ва ба Австрия омада паноҳгоҳи сиёсӣ дархост намуд. Бояд давлат ба ҷинояткору балвогар паноҳгоҳи сиёсӣ надиҳад. Ӯро бояд дастгир намуда ба ҷавобгарӣ кашид. Зеро чунин афрод дар давлатҳои дигар низ ба ҷинояту қонуншиканӣ даст мезананд. Гурӯҳи фирориёни тоҷик, ки дар Австрия мебошанд аз ҳукумати он давлат талаб намуданд, ки Ҳ.Шовализода департатсия карда нашавад. Онҳо метарсанд, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Бояд ба кирдори худ касе, ки набошад дар назди қонун ҷавоб диҳад. Дар акси ҳол чунин ашхос боз ба ҷиноятҳои нав даст мезанад.
Бояд давлати Австрия Ҳ.Шовализадаро департатсия намояд, зеро дар хориҷа ӯ бо роҳбарии нафарони гурезаю ҷинояткор ва аъзоёни ПМТ, “Гурӯҳи 24” ва нисбати давлати Тоҷикистон бо иғвогарию бадномкунӣ машғул мегардад. Бинобар ин қарори давлати Австрия оиди департатсияи Ҳизбулло Шовализода қарори аз нигоҳи қонунӣ дуруст мебошад.
Аҳли устодони кафедраи тарбияи ҷисмони ДДҲБСТ