Изҳороти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ нисбати истирдоди ҷинояткор аз Австрия

Аксарияти мардуми тоҷик хуб медонад, ки ошӯби соли 2015 бо роҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷи Ҳалим) ба амл омада аз тарафи Ҳизби наҳзати ислом ба дастгирии хоҷагони хориҷи онҳо тарҳрезӣ гардида буд. Мақсади онҳо сарнагум сохтани ҳокимияти мавҷуд ва ва бунёд кардани давлати исломӣ ба шумор меравад.

Бинобар ин ҳар фарде, ки чунин ошуби хоинонаро дастгирӣ ва  ҷонибдорӣ кардааст бояд, меҷозот карда шавад, қатъи назар аз он, ки вай Каибрӣ, ё Шарофиддин ва ё Ҳизбулло Шовализода аст ё каси дигар. Ҳақ ба ҷониби мақомоти Австрия аст, ки одами ба халқи худ хиёнат кардаро авф накарда ба шаҳрвандии худ қабул накарда аз кишвараш рондааст. Чунин афрод беватан буда дар кишварҳои бегона хор хоҳанд шуд.

Вобаста ба Кабирӣ ва посухҳои ӯ ба саволҳои аз тарафи Радиои  озодӣ матраҳ гардида ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки чи тавре дар урфият мегӯянд: «Чи мехонӣ порсола» боз ҳамон набудани демократия дар Тоҷикистон таъқиби дигар андешон таъзиқ ба ҳизбҳо ва ғайра. Дар сӯҳбати бояк нафақахӯре, ки аз муборизаҳои сиёсӣ охири асри 20 дар Тоҷикистон хуб огоҳ аст изҳор дошт, ки : Кабирӣ сари Ҳизби наҳзати исломиро хӯрд, акнук сари ҳизби Сотсиал демократро низ хӯрданист.

Аҳли устодони кафедраи

 ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like