Интихобот – умед ба фардои дурахшони Тоҷикистон

Санаи 1 марти соли равон дар тамоми гўшаю канори Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гашт. Ин чорабинӣ бешубҳа яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии кишвар дар соли равон ба шумор меравад.

Интихобот ва раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқ буда, ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ халқ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Дар интихоботи имсола номзадҳое, ки ба боварии халқ сазовор гардиданд ва аз номи халқ идораи давлатиро амалӣ менамоянд, интихоб гардиданд. Дар овоздиҳӣ шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд ва, ба ҳамин тариқ, ҳуқуқҳои конститутсионии худро татбиқ намуданд.

Ҳавзаи интихоботии «Шарқ» №14-и ш.Хуҷанд бо масъулияти баланд вазифаҳои худро иҷро намуда, барои шаффоф гузаронидани интихобот саҳмгузорӣ намуданд. Дар ҷараёни интихобот ҳодисаҳои вайрон намудани раванди демократии ташкил ва ҷамъбасти он роҳ дода нашуд. Дар ин хусус дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар зикр шудааст, ки иродаи халқ бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад. Вакилон дар интихоботи озод ва шаффоф интихоб шуда, дар мақомоти намояндагӣ салоҳияти қонунӣ гирифтанд.

Пас аз ҷамъбасти натиҷаҳо дар саросари ҷумҳурӣ Нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 2 март иброз намуданд, ки интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе демократӣ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад. Ин мақом маънои онро дорад, ки ҳокимияти давлатӣ аз тарафи тамоми шаҳрвандон интихоб мегардад ва ҳар як шаҳрванд метавонад саҳми худро дар натиҷаи интихобот гузорад. Аз рўи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи ҳокимият – халқ мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли пештара ба ҳайати мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ беҳтарин фарзандони арзандаи худро пешбарӣ намуда, умед доранд, ки онҳо дар атрофи Президенти кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гардида, барои амалӣ намудани азму талоши ў, ҷиҳати ба ҳар як сокини мамлакат фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста кўшишу ғайрат ва маҳорату қобилияти худро равона мекунанд.

Азимова Н.С. н.и.п., мудири кафедраи фанҳои

риёзӣтабаитшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like