Истирдоди хоин ба Тоҷикистон
Мо аҳли устодону омӯзгорон, воқеаву ҳодисаҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир руҳ дода истодаанд бетараф гузошта наметавонад. Шоиста нест, ки имрӯз ҷавонон гирифтори қавли бебунёди се-чор нафар хурофотпарасту ифротгаро шуда, арзишҳои олии миллӣ ва ватандории худро нодида гиранд.
Боиси афсус ва нигаронист, ки имрӯз аз ҷониби бархе аз ҳамватанони мо амалҳои носавобу бехирадона,ки барои манфиатҳои худашон роҳандозӣ мешавад сар зада истодаанд. Вақте мебинем, ки ҳамватанони мо нисбат ба ин арзишҳои муқаддас беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд, мо бояд хомӯшу бетараф набошем.
Вақте аз расонаҳои хабарӣ огоҳ мешавем, ки дар хориҷи кишвар гуруҳ ва ё ҳизбе даст ба гирдиҳамоиҳои манфиатҷӯёна зада, алайҳи кишвари осудаи мо бадгӯӣ мекунанд, сахт нороҳат мешавем. Оё мо воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардем. Кишвари азизи мо бо дасисаи аҷнабиён ва фиреб хӯрдани иддае аз ашхоси гумроҳшуда ба ҷанги нангини таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Кишвар талаву тороҷ карда гардид, ҳазорҳо-ҳазор нафар ҳаммилатонамон бегуноҳ қурбони дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ гаштанд.
Гурӯҳе аз гумроҳон ва мухолифони тоҷик дар шаҳри Вени пойтахти Венгрия гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор карданд, ки он ба манфиатҳои худашон роҳандозӣ шудааст. Ҳизбулло Шовалиев ҳамчун як нафар ифротӣ бояд ба Тоҷикистон истирдод ва ба гуноҳҳои кардааш дар назди қонуни Тоҷикистон ҷавоб гӯяд.
Орифов А. – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ