Ҷонибдорӣ аз натиҷаи интихоботи кунунӣ
Чуноне, ки маълум аст санаи 1-уми марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ доир гардид. Дар интихоботи мазкур 7-ҳизби сиёсӣ ба таври баробар иштирок карданд.
Вобаста ба масъалаи интихоботи парлумон Пешвои миллат дар Паёми охирини худ, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид чунин иброз доштанд: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад. Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад…”.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рўзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Он шаҳрвандоне, ки дар интихобот ширкат варзиданд, ишора доранд, ки раванди интихобот бо риояи қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тартиботи дохили доир гашт. Аз ҷумлаи аҳли кормандону устодони донишгоҳ бевосита дар интихобти мазкур ширкат варзиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳиссии масъулияти сиёсӣ ва шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Самадов Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ