ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИММИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Коррупсия яке аз мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ, рушди иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зуҳуроти коррупсионӣ метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ, гирифтани подоши ғайриқонунӣ ва фароҳам овардани бартарии беасос зоҳир гардад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия танҳо масъалаи ошкор кардани ҷиноят ва ҷазо додани шахси гунаҳгор набуда, он вазифаи доимии давлат ва ҷомеа дар самти пешгирии сабабу шароитҳои ба чунин кирдорҳо мусоидаткунанда мебошад. Барои расидан ба ин мақсад усулҳои таҳлили ҳуқуқӣ, тафсири меъёрҳои ҳуқуқӣ ва муқоисаи робитаи санадҳои конститутсионӣ бо қонунгузории соҳавӣ аз ҷониби кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ дуруст истифода истифода шаванд.
Заминаи асосии ҳуқуқии ташкили давлат ва фаъолияти мақомоти он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсия арзишҳои бунёдии давлат, мақоми инсон, ҳудуди амалӣ намудани ҳокимият ва талаботи асосии фаъолияти мақомоти давлатиро муайян мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, баррасии муқовимат ба коррупсия дар робита бо меъёрҳои конститутсионӣ имкон медиҳад, ки ин масъала на танҳо ҳамчун самти сиёсати ҷиноятӣ, балки ҳамчун шарти таъмини қонуният, адолат ва давлати ҳуқуқбунёд арзёбӣ гардад.
Моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф менамояд. Ин меъёр мазмуни амалии муҳим дорад, ки фаъолияти давлат бояд ба ҳифзи инсон ва манфиатҳои қонунии ӯ равона шуда, ваколатҳои мансабӣ набояд барои ба даст овардани манфиати шахсӣ истифода шаванд. Коррупсия метавонад дастрасии баробари шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ, таҳсил, тандурустӣ, адолати судӣ ва дигар имкониятҳои ҷамъиятӣ халалдор намояд. Ҳангоми қабули қарор бар асоси манфиати шахсӣ, ғайри қонун ва меъёрҳои умумӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон осеб дида, эҳсоси беадолатӣ ва нобоварӣ ба мақомоти давлатӣ зиёд мегардад.
Моддаи 10-и Конститутсия эътибори олии ҳуқуқии Конститутсия ва амали мустақими меъёрҳои онро муқаррар мекунад. Ин талабот маънои онро дорад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои мақомоти давлатӣ бояд ба Конститутсия мутобиқат дошта бошанд. Аз нуқтаи назари пешгирии коррупсия, равшанӣ ва дақиқии қонунгузорӣ аҳаммияти махсус дорад. Меъёрҳои номуайян, истисноҳои беасос ва ваколатҳои аз ҳад васеи ихтиёрдорӣ метавонанд имкони муносибати интихобӣ ва сӯиистифода аз салоҳиятро зиёд кунанд. Аз ин рӯ, таҳлили ҳуқуқии санадҳо ва экспертизаи зиддикоррупсионии онҳо воситаи муҳимми пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ба шумор меравад.
Моддаи 17-и Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд кафолат медиҳад. Мазмуни ин принсип талаб мекунад, ки шаҳрвандон новобаста аз вазъи иҷтимоӣ, робитаҳои шахсӣ ё имкониятҳои молиявӣ дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ба меъёрҳои якхела дучор шаванд. Масалан, ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тақсимоти захираҳои буҷетӣ, додани иҷозатнома ва баррасии муроҷиатҳо қарор бояд бо тартиби қонунӣ ва меъёрҳои пешакӣ муайяншуда қабул карда шавад. Додани бартарии беасос ба хешовандон ё шиносон ва талаб кардани подош барои иҷрои вазифаи хизматӣ бо талаботи баробарӣ ва қонуният мухолифат мекунад.
Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо тавассути қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳо андешида шуда истодааст, ки хусусияти зидди коррупсионӣ дошта, дар як вақт барои пешгирӣ кардани коррупсия нақши муҳим мебозанд. Чунин тадбирҳо асосан дар ду қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 мустаҳкам карда шуда буданд.
Пешгирии коррупсия аз маҷмӯи чорабиниҳои таъсирнок иборат буда, ҷанбаҳои мухталифро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашидани шахсоне, ки ба коррупсия даст мезананд, таҳлил ва бартарафкунии сабаб, шароити мусоид ба содиршавии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди коррупсия бояд дар асоси арзишҳо ва принсипҳои конститутсионӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон амалӣ карда шавад. Коррупсия ба эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад ва метавонад татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро халалдор созад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия яке аз шартҳои муҳимми таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқӣ андешид.
Барои татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин соҳа пурзӯр намудани интизоми молиявӣ, истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткории коррупсионӣ зарур шуморида мешавад.
Боварӣ дорем, ки татбиқи пайгиронаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ба пешгирии коррупсия мусоидат намоянд. Ҷавонон низ бояд бо риояи қонун, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва муносибати оштинопазир ба коррупсия дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоранд.
Амалисозии чунин тадбирҳо ба раванди тараққиёти кишвар алалхусус дар самти беҳтар намудани идоракунии давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчунин дар соҳаи такмилдиҳии минбаъдаи қонунгузории муқовимат ба коррупсия зарурияти раднопазир мебошад.
Боварии комил дорем, ки дар кори пешгирии коррупсия ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии кишвар, меъёрҳо, принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамбастагию ҳамкории судманди миёни мову шумо метавонад мусоидат намояд.

Абдуллоева Дилором Файзуллоевна
н.и.,ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ.

You might also like