Ғуломе, ки худ ҳуқуқи озодандешӣ надорад

Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ  баъзе навор ё филмҳое ба чашм мерасанд, ки  ягон мазмун ва маъние надоранд. Дар назар дошта мешаванд он наворҳое, ки аз ҷониби беватанони хориҷии ба ном исломӣ ба табъ расида истодаанд.

Наҳзатиёне, ки аз дину аз имон бехабар ҳастанд имрўзҳо мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ва аз ҷумла таҳия намудани барномаву наворҳои гуногун ба оромии Тоҷикистон мо халал ворид менамоянд. Онҳо даъво пеш меоранд, ки гӯё дар сиёсатҳои байналмилалӣ муваффақанд, вале муваффақияте, ки онҳо даъво мекунанд ин аст ки онҳо барои бозиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамчун як васила ё гузинаи фишор бар алайҳи давлату миллати тоҷик мавриди истифода қарор мегирад, на бештар аз он. Чи муваффақияте, миллату давлати хешро таҳқир мекунанд, дар муқобили манфиатҳои миллӣ қарор мегиранд ва боз нашармида онро манфиат эълон медоранд. Дастандаркорони ин ҳизб боре воқеиятро тавассути расонаҳо иброз намедоранд, ки дар онҳо иродаи озод вуҷуд надорад, зеро иродаи озод дар ҳизбе ё гурӯҳе вуҷуд дошта метавонад, ки он аз назари молиявию иқтисодӣ худкифо бошад. Чун пайравони ин ҳизб бо пулу сармояи бегонагон фаъолият мекунанд, пас дар онҳо иродаи озод вуҷуд дошта наметавонад, онҳо танҳо иродаи касонеро (гурӯҳ ё давлатҳоеро) амалӣ мекунанд, ки сармоягузори асосии онҳоянд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки шахсиятҳо ё ҳизбҳое, ки худ озодӣ надоранд, чи гуна метавонанд ба миллат ё давлате озодӣ бахшанд? Ё худ ҳизбу гурӯҳҳое, ки барои манфиати бегонагон созмон ёфтаанд, чи гуна метавонанд манфиати мардуму миллати хешро дифоъ намоянд?

Аз ин рӯ, ҳарфҳое ки аз ҷониби саркардагони ин ҳизби мамнуи террористӣ дар хориҷи кишвар аз тариқи расонаҳо пахш мешавад, ба ҷуз аз демогогияю авомфиребӣ чизе беш нест. Инҳо танҳо аз рӯи дуруғпардозӣ мехоҳанд ба зеҳнҳо таъсир расонда чойгоҳеро дар боварҳои мардум аз худ ба вуҷуд оваранд. Вале ҳар фарди бедордил ва огоҳи миллат бояд андеша намояд, ки инҳо ҳамон гурӯҳоеанд, ки солҳои 90-ум бо ҳарфҳои бе рабту вопасгароёна ва ҳангомаҷӯёнаи худ миллатро ба кофару муслим тақсим намуда, давлату миллати тоҷикро дар вартаи нобудӣ қарор доданд ва сабабгори аслии бадбахтии мардум гардиданд. Бояд ҳар фарди миллат дарк намояд, ки инҳо бештар аз марази вогире дар баданаи миллат нестанд.

Онҳо нафаронеанд, ки манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоҳанд аз нав истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд ва онро дубора ба дастнигару бардаи бегонагон табдил диҳанд. Чун худ озод нестанд ба дигарон низ озодӣ бахшида наметавонанд. Барои онҳо ҷуз манфиати бегонагон манфиати миллӣ ҷаве арзиш надорад. Дурӯғпардозӣ, фазилатфурӯшӣ, суханбозӣ, гул задани мардум, шайёдӣ усули асосии мағзшӯии онҳост. Ба онҳо такя кардан ва онҳоро бовар кардан ба ҷуз аз нобудии миллат кори бештаре нахоҳад буд.

Санавваров Ғ.Б.н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

You might also like