Саги наҳзат!

Таърихи Осиёи Марказӣ чи дар қуруни вусто ва чӣ дар дар давраи нав мавҷудияти аҳзобу созмонҳои экстремистиро намедонист, зеро тибқи мазҳабҳои аҳли суннату ҷамоат шоҳ сояи Худо дар рўи замин шинохта шуда, амри он воҷиб шуморида мешавад. Ташкилоти ифротии “Ихвон-ул-муслимин” дар ҳудуди Миср бо сардории Ҳасани Саббоҳ ташкил ёфтанд ва ақидаҳои худро интишор карданд.

Қобили тазаккур аст, ки чунин аҳзобу созмонҳои экстремистӣ ба туфайли сиёсати “хирадмандонаи” горбачевӣ дар нимаи дуюми солҳои 80 қарни гузашта  дар Осиёи Миёна, аз қабили “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизби наҳзати ислом” ва ғайра пайдо шуданд, ки онҳо бо дастгирии молии хоҷагони хориҷиашон ба ноамнсозии фазои сиёсии минтақаи на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ шуруъ намуданд.

Дар ин авохир мақолаи ходими илмии Институти омўзиши масъалаҳо давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Муллоев Мулломухторро хондам, ки аз диди ин ҷониб муаллифи он воқеан бо диди ҳақнигорона пайванди ногусастанӣ доштани ТЭТ ҲНИ-ро бо ТЭТ Ихвону-л- муслимин хеле хуб нишон додааст. Маллифи мақола сареҳан дуруст қайд менамояд М. Кабирӣ дар давраи роҳбари ин ҳизб буданаш баъзан ошкору ниҳон аз сиёсати ихвонии Муҳаммад Мурсӣ, ки чанде дар Миср президентӣ кардааст пуштибонӣ намуда ва ҳоло дар хориҷа рўирост тарафдори ақоиди сиёсии ў мебошад.

Ҳамзамон, ба ин нукта бояд ишора фармуд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамкориҳои пинҳонии худро бо ТЭТ “Ихвону-л-муслимин” дар солҳои 80 қарни гузашта ба роҳ монда будааст, ки онҳо чи хеле, ки дар мақола дуруст ишора рафтааст мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои ҷосусии қишварҳои хориҷӣ қарор доранд. Аз ин рў бо мақсади хизмати содиқона ба хоҷагони хориҷии худ онҳо дастовардҳои ҷумҳурии моро нодида мегиранд, худро ҳамчун “ҳомии ҳуқуқи башар” вонамуд намуда, дар конференсияҳое, ки хоҷагонашон ташкил менамоянд аз нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвари мо (зеро ин кишвар дигар кишвари онҳо нест) ҳарф мезананд.

Бояд гуфт, ки ба туфайли фаъолияти ТЭТ ҲНИ ҷумҳурии азизи мо дар солҳои 90  қарни гузашта ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷаи он 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба ҳалокат расидаю миллионҳо нафар фирорӣ ба Афғонистону кишварҳои дигар  гардиданд. Аз ин рў бо қарори Суди Олии кишвар эълон гардидани ҲНИ  ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ иқдоми саривақтӣ буд, ки он аз ҷониби аксаритяти кулли аҳолии Тоҷикистон пуштибонии амиқ пайдо намуд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки таблиғоти  ТЭТ ҲНИ дар ҷумҳурии мо ҳеҷ гоҳ муассир нахоҳад буд ва он мақоли халқии “саг меаккаду корвон мегузарад”-ро ба хотир меорад.

 Изҳороти Ҳамидова М.М. – сармуаллимаи

кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like