САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ  ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ  ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, балки заминаи ташаккули низоми нави сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гардид. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои муҳими рушди ҷомеа баланд бардоштани мақому манзалат ва нақши занон дар ҳаёти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ масъалаи таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бо ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон имкониятҳои онҳо барои таҳсил, фаъолияти касбӣ, соҳибкорӣ ва иштироки сиёсӣ васеъ гардиданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла баробарии мардону занонро ҳамчун яке аз принсипҳои муҳими ҷомеаи ҳуқуқбунёд эътироф менамояд. Дар заминаи ин меъёрҳои конститутсионӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ба таҳкими мақоми занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона шудаанд.

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи занон танҳо ҳамчун масъалаи иҷтимоӣ баррасӣ намегардад. Он ба масъалаи рушди захираҳои инсонӣ, таҳкими оила, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва рушди устувори ҷомеа алоқаманд мебошад.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар ин самт ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст мебошад. Ин механизм барои дастрасии бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ мусоидат намуда, дар ташаккули қишри нави занони соҳибмаълумот ва мутахассисони ҷавон нақши назаррас гузошт.

Саҳми занон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ хело назаррас аст. Дар солҳои истиқлол иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти сиёсии мамлакат тадриҷан густариш ёфт. Имрӯз занон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, мақомоти қонунгузор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолияти касбӣ доранд.

Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон зан на танҳо ҳамчун субъекти сиёсати иҷтимоӣ, балки ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои давлатдорӣ шинохта мешавад.

Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ аҳамияти хос дорад, зеро таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи онҳо метавонад ба қабули қарорҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъсири мусбат расонад. Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи намояндагии занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда яке аз нишондиҳандаҳои рушди институтҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Нақши занон дар рушди иқтисоди миллӣ низ хуб арзёбӣ мегардад. Дар даврони истиқлол фаъолияти иқтисодии занон низ тавсеа ёфтааст. Соҳибкории занон, бахусус дар соҳаҳои хизматрасонӣ, истеҳсолоти хурд, кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорати хурду миёна, ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иқтисодии онҳо табдил ёфтааст.

Дастгирии давлатии соҳибкории занон тавассути грантҳо, барномаҳои омӯзишӣ, имкониятҳои қарздиҳӣ ва дигар механизмҳои дастгирӣ барои рушди иқтидори иқтисодии онҳо мусоидат мекунад.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, фаъолнокии занон аҳамияти васеътар дорад. Зеро ворид шудани занон ба фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо ба баланд гардидани сатҳи мустақилияти иқтисодии онҳо, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади оилаҳо ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, занонро — омили муҳими рушди иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа ҳисобидан мумкин аст.

Нақши занон дар рушди иҷтимоии Тоҷикистон бо фаъолияти онҳо дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Занони омӯзгор, табиб, олим, муҳаққиқ ва кормандони соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ташаккули сармояи инсонӣ ва тарбияи насли наврас саҳми назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин, нақши зан ҳамчун модар ва тарбиятгар дар таҳкими институти оила ва интиқоли арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ аҳамияти махсус дорад. Оила ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеа дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ ба ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва тарбияи шаҳрвандии насли ҷавон ниёз дорад.

Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии занон яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир ба шумор меравад.

Яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми занон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ занони тоҷик, сарфи назар аз мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, дар нигоҳ доштани оила, тарбияи фарзандон, таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ва барқарор намудани фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ саҳми муҳим гузоштанд. Онҳо ҳамчун таргибгари сулҳ ва ваҳдат баромад намуда, дар барқарорсозии ҳаёти осоишта саҳм гузоштаанд. Имрӯз низ онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ифротгароӣ фаъолона иштирок доранд.

Пас аз истиқрори сулҳ низ занон дар раванди эҳёи ҷомеа, рушди маорифу фарҳанг ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки занон на танҳо қурбониёни эҳтимолии низоъҳо, балки субъектони фаъоли сулҳ ва суботи ҷомеа низ мебошанд.

Истиқлол ба ташаккули насли нави занони тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард.

Яке аз натиҷаҳои муҳими 35 соли истиқлол ташаккули насли нави занони соҳибмаълумот, соҳибкасб ва фаъоли ҷомеа мебошад.

Имрӯз духтарони тоҷик дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар соҳаҳои илм, технология, тиб, иқтисод, сиёсат, дипломатия ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим фаъолият доранд.

Ин раванд барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти стратегӣ дорад, зеро рушди давлат дар асри XXI бидуни истифодаи пурраи иқтидори зеҳнӣ ва касбии занон ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, масъалаи оянда на танҳо дар зиёд намудани шумораи занон дар сохторҳои гуногун, балки дар баланд бардоштани сифати иштироки онҳо, рушди малакаҳои касбӣ, тафаккури таҳлилӣ, фарҳанги сиёсӣ ва имконияти қабули қарорҳои мустақилона мебошад.

Дастирии пайвастаи занон дар сиёсати давлатдории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти системавӣ ва стратегӣ дорад. Аз такмили заминаҳои ҳуқуқӣ то рушди соҳибкорӣ, аз баланд бардоштани маърифат то ҷалби занон ба идоракунии давлатӣ ҳамаи ин тадбиҳо ба таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа равона шудаанд. Имрӯз занони тоҷик на танҳо тарбиятгар ва нигаҳбони оила, балки иштирокчии фаъоли

равандҳои сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангии мамлакат мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, барои рушди устувори давлат заминаи боэътимод

фароҳам намудааст.

Ҳамин тавр, 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун давраи муҳими таҳаввулоти мақом ва нақши занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа арзёбӣ намуд.

Дар ин давра занони тоҷик аз доираи нақшҳои анъанавии иҷтимоӣ берун рафта, ҳамчун мутахассис, олим, омӯзгор, табиб, соҳибкор, хизматчии давлатӣ, дипломат ва фаъоли ҷомеа мавқеи худро таҳким бахшиданд.

Бо вуҷуди ин, рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки имкониятҳои занон барои таҳсил, фаъолияти касбӣ, рушди соҳибкорӣ, иштироки сиёсӣ ва фаъолияти илмӣ боз ҳам васеъ гарданд.

Истиқлол танҳо арзиши сиёсӣ нест. Он барои инсон имконияти худсозӣ, барои ҷомеа имконияти рушд ва барои давлат имконияти ташаккули низоми мустақили давлатдориро фароҳам меорад. Дар ин раванд занон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ва неруи муҳими зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллат нақши калидӣ доранд.

Ҳамин тариқ, ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани мақом ва рушди иқтидори занонро метавон яке аз шартҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. 35 соли Истиқлол — 35 соли ташаккули имкониятҳои нав барои занони тоҷик ва саҳми онҳо дар бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад.

Акмалова М.А.- д.и.с., профессор, Директори Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия

You might also like