Саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва таҳкими дастовардҳои Истиқлол

«Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва рушди ҷомеа мебошад». Ин андешаи созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари он аст, ки дар сиёсати давлат маориф на танҳо ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун заминаи асосии рушди устувори кишвар, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Миллати соҳибмаърифат метавонад истиқлолияти худро ҳифз намояд ва ба сӯи пешрафту тараққиёт устуворона қадам гузорад». Ин мавқеъ собит месозад, ки истиқлолият ва маориф ду мафҳуми ба ҳам пайванди таърихиву иҷтимоӣ буда, таҳкими яке ба рушди дигарӣ мусоидат мекунад.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва ташаккули ҷомеаи навин гардид. Истиқлол ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги пурғановати ниёгон роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худро интихоб намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи рушди маориф ва илм ҳамчун омили калидии пешрафти давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон карданд. Зеро ҷомеаи муосир бе кадрҳои соҳибмаърифат, мутахассисони рақобатпазир, омӯзгорони донишманд ва муҳаққиқони соҳибтаҷриба наметавонад ба дастовардҳои устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.Дар ин замина, сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи низоми маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос равона гардид. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таъсиси марказҳои муосири илмӣ ва таълимӣ, рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсил аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки дар даврони истиқлол ба рушди соҳа мусоидат намуданд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар ин давра баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва арҷгузорӣ ба заҳмати аҳли маориф мебошад. Омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли наврас, ҳомии арзишҳои миллӣ ва роҳнамои ҷавонон дар ташаккули ҷаҳонбинии солим ва худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоии омӯзгорон, такмили ихтисоси онҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбият яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати маориф ба шумор меравад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузошта, барои рушди устувори соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои илмию маърифатии кишвар пайваста тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамзамон барои рушди илм ва таҳкими мақоми он дар ҷомеа имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир маҳз илм ва дониш ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд. Аз ин лиҳоз, рушди тафаккури илмӣ, дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон, густариши таҳқиқоти илмӣ ва пайвастани илм ба истеҳсолот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Имрӯз, дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон бо ифтихор таъкид намуд, ки дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми пешрафти кишвари азизамон табдил ёфтаанд. Зеро давлати соҳибистиқлол танҳо дар сурате метавонад ояндаи устувор дошта бошад, ки ба неруи инсонӣ, дониш, маърифат, илм ва тарбияи насли созанда такя намояд. Аз ҳамин ҷост, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи калидӣ ва заминаи рушди устувори ҷомеа мавқеи махсус пайдо кардааст.

Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир мебошад. Дар ин раванд рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аҳамияти хоса дорад. Донишгоҳҳо ва донишкадаҳо на танҳо марказҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос, балки муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги миллӣ мебошанд. Маҳз дар муҳити Донишгоҳ ҷавонон бояд ба мутахассисони донишманд, соҳибкасб, ватандӯст, ташаббускор ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати муосир табдил ёбанд. Аз ин рӯ, дастгирии давлатии муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар сиёсати маориф мавқеи муҳим касб кардааст.

Дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ мавқеи махсус дорад. Донишгоҳ дар тӯли фаъолияти худ ба яке аз муассисаҳои муҳими илмию таълимии мамлакат табдил ёфт. Таърихи беш аз сисолаи Донишгоҳ бо таърихи ташаккул ва таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Ин муассисаи таълимӣ дар даврае ба фаъолият оғоз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нав ба марҳилаи соҳибистиқлолӣ ворид гардида буд ва ба кишвар мутахассисони дорои ҷаҳонбинии нав, донишу малакаи касбӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ зарур буданд.

Дар давоми солҳои фаъолияти худ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо омода намудани кадрҳои соҳибкасб дар соҳаҳои ҳуқуқ, иқтисод, бизнес, идоракунӣ ва дигар самтҳои муҳимми ҷомеа дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Донишгоҳ имрӯз на танҳо ба таълиму тарбияи донишҷӯён, балки ба рушди илм, таҳқиқоти амалӣ, татбиқи технологияҳои муосир, тарбияи кадрҳои ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҷомеаи устодону донишҷӯёни қаламрави вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом додаанд. Маҳз чунин таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба рушди заминаи моддию техникии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия мусоидат кардааст.

Ташрифи Пешвои миллат барои ҷомеаи Донишгоҳ танҳо як рӯйдоди муҳим нест, балки ифодагари муносибати махсуси давлат ба илм, дониш, омӯзгор ва донишҷӯ мебошад. Дар чунин мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷиву фанҳои дақиқу технологияи муосир, рушди илм ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Ин сиёсати пайгирона имрӯз дар симои донишгоҳҳои навсозишуда, озмоишгоҳҳои муосир, марказҳои инноватсионӣ ва муҳити нави таълимӣ таҷассум меёбад.

Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин дастгирӣ бунёд ва ба истифода омода гардидани Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баёнгари он аст, ки сиёсати созандагиву бунёдкоронаи давлат дар соҳаи маориф дар сатҳи муассисаҳои алоҳида низ бо натиҷаҳои мушаххас амалӣ мегардад.

29 марти соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом доданд ва ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуданд.

Маркази навбунёд аз маҷмааи муосир иборат буда, дорои толори калони маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори Шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ мебошад.

Бунёди чунин иншоот дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маънои рамзии хос дорад. Зеро истиқлол танҳо бо суханҳои ифтихорӣ таҷлил намегардад, балки пеш аз ҳама бо натиҷаҳои мушаххаси созандагӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сохтмони муассисаҳои нав, тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва таҳкими иқтидори зеҳнии миллат таҷассум меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҳар як мактаб, Донишгоҳ, озмоишгоҳ, маркази илмӣ ва инноватсионӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд мешавад, як қисми бунёди ояндаи кишвар аст.

Имрӯз симои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон то андозае инъикосгари роҳи тайкардаи маорифи кишвар дар солҳои истиқлол мебошад. Агар дар солҳои аввали фаъолияти худ Донишгоҳ бештар ба ташкили раванди таълим ва омода намудани кадрҳои зарурӣ таваҷҷуҳ мекард, имрӯз дар назди он вазифаҳои васеътар – рушди илм, инноватсия, рақамикунонӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир қарор доранд.

Дар ин раванд дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаҳои маориф ва илм, барои муассисаҳои таълимӣ ангезаи муҳими фаъолият мебошад. Ташрифи Сарвари давлат ба муассисаҳои таълимӣ, шиносоӣ бо шароити таълим, мулоқот бо омӯзгорон ва донишҷӯён ва ироаи дастуру ҳидоятҳои созанда нишон медиҳад, ки рушди маориф дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.

35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи ташаккули таҷрибаи нави давлатдорӣ ва рушди устувори миллӣ гардид. Дар ин марҳила соҳаи маориф аз як низоми ниёзманди ҳифз ва барқарорсозӣ ба соҳаи дорои имкониятҳои васеи рушд табдил ёфт. Сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ, афзоиши шумораи донишҷӯён, рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, зиёд гардидани имкониятҳои таҳсил барои духтарону писарон, таъсиси марказҳои инноватсионӣ ва рушди таҳсилоти рақамӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои муҳимми ин давра мебошанд.

Имрӯз кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бо итминон ба оянда менигарад ва қадамҳои устувор дар масири рушд мегузорад. Дар ин роҳи созанда неруи асосӣ ҷавонони донишманд, соҳибкасб, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба маориф дар асл таваҷҷуҳ ба ояндаи давлат аст. Ҳар қадар сатҳи маърифат, дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон баланд бошад, ҳамон қадар пояҳои истиқлол, субот ва рушди кишвар устувор хоҳанд гардид.

Дар маҷмӯъ, роҳи тайкардаи соҳаи маориф дар 35 соли соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки сиёсати маорифпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Аз солҳои пурмашаққати аввали истиқлол то марҳилаи имрӯзаи рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои зеҳнӣ маорифи кишвар пайваста рушд кардааст. Имрӯз вазифаи ҷомеа аз он иборат аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди илм ва омодасозии насли созанда талош намояд.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун яке аз самараҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар ин роҳи пуршараф мавқеи худро пайдо кардааст. Рушди он, бунёди иншооти нави таълимию илмӣ, таъсиси марказҳои инноватсионӣ ва фароҳам овардани шароити муосир барои донишҷӯёну устодон гувоҳи он аст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои воқеӣ табдил меёбад. Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ бошад, метавонад ба яке аз рамзҳои ҷашнии ин дастовардҳо табдил ёфта, дар солҳои минбаъда ба маркази муҳими илму технология, фарҳанг ва худшиносии ҷавонон хизмат намояд.

Бо ҳамин метавон гуфт, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ маориф на танҳо як соҳаи иҷтимоӣ, балки яке аз пояҳои асосии давлатдории навини тоҷикон гардид. Сиёсати дурбинона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар ва заҳмати содиқонаи омӯзгорону олимон, кормандони соҳаи маориф ва худи ҷавонон барои ба чунин марҳилаи рушд расидани соҳа замина гузошт.

Ҳоло масъулияти насли имрӯз он аст, ки ин мероси созандаро идома дода, бо дониш, меҳнат, ихтироъкорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.

МӮМИНЗОДА ШЕРОЗ АБДУҶАББОР – Ректори ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

 

You might also like