Ихвониҳо ва таҳдиди он ба суботи ҷомеа

Дар шароити муосир баъзе равияву ҳаракатҳо ва аҳзобу ташкилотҳое ҳастанд,  ки  таъсири худашонро барои халалдор кардани амнияту суботи минтақаҳо расонида истодаанд ва ин таъсирот аз як минтақа ба дигар манотиқи олам убур карда, вазъияти ҷомеаи ҷаҳониро муташанниҷ намудааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти тахрибкоронаи  чунин ҳаракатҳоро омӯхта, фаъолияташонро мамнуъ эълон кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди ин гурӯҳҳо мебошад.

Яке аз ин зуҳуроти номатлуб, ки ба ҷомеаи ҷаҳони имрӯз таҳдид мекунад ин ташкилоти террорситии Ихвон-ул- муслимин мебошад, ки қариб сад сол пеш зуҳур карда, ба як ҳизби  фаромиллии исломгаро табдил шудааст, ки ҳоло дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин тарафдор дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилоти экстремистӣ соли 2006 мамнӯъ эълон гардидааст.

Ташкилоти экстремистии Ихвон-ул-муслимин доманаи фаъолияти худро ба аксари мамолики ҷаҳон, алалхусус ба минтақаҳои Осиёи ҷанубу-шарқӣ, Шарқи Наздику Миёна ва Осиёи Марказӣ паҳн намуда, дар ин манотиқ мардуми бедонишу гумроҳро ба узвияти худ пазируфтааст.  Аз ҷумла,  ин ташкилоти экстремистӣ дар Тоҷикистон чандин нафарони ноогоҳу бесавод ва бехабар аз фарҳангу тамаддуни ғании хешро ба узвияти худ пазируфтааст. Ин ташкилоти экстремистӣ ки хусусияти фароминтақавӣ дорад, ҳаёти озодонаву оромонаи ҷомеаро халалдор месозад. Бар зидди ин ташкилот муборизаи қатъӣ бояд бурд. Ихвониҳо  арзишҳои демократиро намепазиранд, ҳамчун ташкилоти экстремистӣ барои ҳар як давлату ҷомеа танҳо бадбахтӣ моеоранд. Ҳарчи зуд мебояд пеши роҳи ин ҷунбиши номатлуб гирифта шавад, вагарна ин ҷунбиш метавонад нооромии доимиро дар тамоми гӯшаву канори олам ба вуҷуд орад. Дар пайи несту нобуд кардани арзишҳои ҷовидонаи халқу миллатҳо ҳастанд.Ин ташкилот дар Миср пайдо шуда бошад ҳам ҳукумати Миср онро ташкилоти экстремистӣ эълон намуд. Ихвониҳо зиндагӣ карданро фақат дар доираи маҳдуди шариат қабул доранд ва мехоҳанд бар болои бани башар давлати халифат ҳукмфармо бошад ва ҳукумати дунявиро умуман қабул надоранд. Ихвониҳо низомҳои сиёсии имрӯза, аз қабили демократия ва дигар навъи низомҳои сиёсиро низоми давраи ҷоҳилият меҳисобанд ва бар зидди ин низомҳо мубориза мебаранд ва низоми дунявиятро низоми зиддидинӣ  меноманд. Барои ихвониҳо миллат маънӣ надошта, онҳо пайваста бар болои ҳама миллатҳо мубориза мебаранд ва аз байн бурдани миллатҳо яке аз ҳадафҳои асосии ихвониҳо мебошад.

Аз ин лиҳоз ҷаҳони муосирро зарур аст, то ки дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти экстремистӣ ва таҳдидзо муборизаи қатъӣ барад. Равшанфикронро зарур аст, ки оиди таҳдиду хатарҳоеро, ки созмонҳои террористиву экстремистӣ ба ҷаҳони имрӯз меоваранд муборизаи ҷиддӣ баранд. Ҷавононро зарур аст, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ арзишҳои миллӣ, демократия ва дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунанд. Зиракии сиёсии ҷавонон ҳеҷ гоҳ набояд коста гардад ва дар ҳамин руҳия бар зидди он падидаҳои хатарзое, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд муборизаи қатъӣ баранд.

Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири

кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like