Улласу ҳангосаи ватанфурўшони «Гурўҳи 24»

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон қисме, ки аз мардумро хоинону ватанфурошон ташкил медоданд. Имрўзҳо мо чунин хоинонро на фақат аз симояшон, балки аз улласу ҳангосашон мешиносем. Ин тоифаи харонро бештар дар телевизиони ба номи «Садои мардум» мушоҳида кардан мумкин аст.

Телевизиони «Садои мардум» марбут ба созмони ифротии «Гурўҳи 24» мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки созмони ифротии «Гурўҳи 24» ҳамраъю ҳамрадифи гурўҳи ТЭТ ҲНИ аст.  Аз аввали пайдоиш ва то ҳол ин «Гурўҳи 24» байни худашон як инсони солимро пайдо накард, балки ҳамаашон ба мисли гумроҳ сухан мекунаду мардумро гумроҳ  хаёл мекунанд. Хушбахтон имрўзҳо мардуми тоҷик чигуна гурўҳи ифроти будани «Гурўҳи 24» дарк намуданд ва медонанд, ки онҳо душмани ин миллат ва давлат мебошад.

Воқеан ба кору бори инҳо менигарӣ аҷаб ҳиҷолат мекашӣ. Бо ин ҳол мехоҳанд ба майдони сиёсат ворид шаванд ва давлатдории ин миллатро ба даст гиранд. Вуҷуди чунин навъи афрод дар сиёсат ба ягон шакли фаъолияти сиёсӣ рост намеояд. Таърихи башар чунин муддайёни сиёсиро ёд надорад.

Шокиров Ҷ.В. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ

You might also like