Ҳизби динӣ – мухолифи давлати дунявӣ

 

Таљрибаи кишварњои мусулмонї исбот намуд, ки ба сари ќудрат омадани њизбњои динї оќибат бо ќафомонї ва зиддияти равияву мазњабњои љомеа меанљомад. Зеро бо роњи зўрї бор кардани аќида ба мардум ва бо шевањои тундгарої идора намудани давлат аз њар љињат боиси нобудии низоми сиёсї мегардад. Ба сари ќудрат омадани «ихвонињо» дар Миср ва зиддияти мазњабї дар Афѓонистон, мисоли равшани ин гуфтањо мебошанд.

Имрўз замони он расидааст, ки пеши њизбњои динии ба монанди Њизби нањзати исломї, ки исломро воситаи ба ќудрат расидан истифода менамояд гирифта шавад. Ба њамаи мо маълум аст, ки чунин њизбњои исломї аз љониби ќудратњои сиёсии махсуси љањонї пуштибонї карда мешавад. Набояд он рўзњои сахти солњои аввали истиќлолият, ки дар кишвар бо иштироки намояндагони Њизби нањзати исломї љанги шањрвандї ба вуљуд омад фаромўш намоем.

Имрўз низ аз љониби созмону ташкилотњои динї ба мисли Њизби нањзати исломї кўшишњо барои ноором кардани вазъи суботу ороми љомеа ба назар мерасад. Гарчанде онњо берун аз Тољикистон ќарор дошта бошанд њам, бо роњњои гуногун мехоњанд афкору андешаи мардумро вайрон намоянд. Ба ќавли Певшои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон «созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».                                          Хизбњои динї мухолифи роњи интихобнамудаи кишвар, яъне низоми демократї ва дунявии давлат мебошанд. Бо њар шаклу тарзе кўшиш менамоянд, ки низоми сиёсии дунявиро аз байн бурда, низоми диниро љорї карда бошанд. Озодии виљдонро, ки Конститутсия ба шањрвандон кафолат додааст, бекор менамоянд. Хизбњои динї аз  равишњои зўрї ва маљбурнамої кор гирифта, аз ўњдаи давлатдорї ва таъмини хуќуќу озодињои шањрвандон намебароянд. Ба сари ќудрат омадани Муњаммад Мурсї ва дар муддати кўтоњ ба шикаст дучор шудани авзои сиёсии ин давлат худ исботи ин гуфтањо мебошад.

Аз ин рў, моро зарур аст, ки дар фикри тањкими суботу оромии кишвар ва рушди ояндаи Тољикистони соњибистиќлол бошем. Дастаљамъона муќобили зуњуротњои номатлуб, ифротгароиву терроризм мубориза бурда, нагузорем, ки заррае њам маќсадњои ѓаразноки душманони миллат амалї гардад.

 

Шўњрат Саидзода,

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДЊБСТ

 

You might also like