Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза зидди коррупсия
Коррупсия ҳамчун як зуҳуроти манфии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Ин падидаи номатлуб ба рушди устувори кишвар монеъ шуда, ба эътимоди мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ зарба мезанад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунад. Мубориза бо короупсия на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Коррупсия дар Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дошта, аз давраҳои қадим то имрӯз дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаккули низоми нави иқтисодӣ ва сиёсӣ, ин падидаи номатлуб шаклҳои нави худро пайдо кард. Омилҳои гуногун, аз қабили сатҳи пасти огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ, норасоии шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, маоши пасти кормандони давлатӣ, “бюрократия” ва набудани назорати ҷиддӣ аз ҷониби ҷомеа ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд.
Коррупсия ба рушди солими иқтисодиёти кишвар монеъ шуда, сармоягузориро коҳиш медиҳад, рақобати солимро аз байн мебарад ва ба инкишофи соҳибкорӣ халал мерасонад. Дар соҳаи иҷтимоӣ, коррупсия боиси афзоиши нобаробарӣ, коҳиши сифати хизматрасониҳои давлатӣ (маориф, тандурустӣ) ва аз байн рафтани адолати иҷтимоӣ мегардад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозии стртегияҳои қаблӣ барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамалакат дар асрсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фроҳам оварда шуд. Аммо мувофиқи баъзе тадқиқотҳо, дар панҷ соли охир сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия як раванди доимӣ ва мураккаб буда, таҳия ва татбиқи чораҳои нави муосирро талаб мекунад. Мисолҳои зуҳуроти коррупсияро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии замин, хариди давлатӣ ва ғ. мушоҳида кардан мумукин аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба мубориза бо коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудааст. Як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоқикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардидааст.
Ин стратегия ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:
– баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия;
– бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
– паст намудани шиддатит коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон.
Барои амамлӣ намудани ин ҳадафҳо, тадбирҳое чун муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвнадлон ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ шудаанд. Мисол, қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Тоҷикистон имкон дод, то ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳамроҳ шавад ва уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад. Барои пешгирии коррупсия мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ба таҳқиқ ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ машғул аст, таъсис дода шуд. Механизмҳои шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дастрасии озод ба иттилоот ва эъломияи даромад ба амволи мансабдорон ҷорӣ карда шуд, ки ин чораҳо ба коҳиши имкониятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба давлат мусоидат мекунанд. Инчунин, ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар самти мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаи муштарак густариш ёфтааст, ки ин ҳамкориҳо ба таҳкими иқтидори муасисаҳои зиддикоррупсионӣ ва таҳияи қонунгузории мувафақ ба стандартҳои байналмилаӣ мусоидат мекунанд.
Дар мубориза бо коррупсия, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ниҳоят муҳим аст. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар баланд бардоштании огоҳии аҳолӣ, назорати ҷам ъиятӣ аз фаъолияти мақомоти давлатӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ба ҳукумат саҳми назаррас гузоранд. Дар Тоҷикистон низ ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин самт фаъолият доранд, аммо зарурати таҳкими иқтидор ва густариши фаъолияти онҳо эҳсос мегардад.
Механизмҳои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ:
1) Мониторинги мустақил. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд фаъолияти мақомоти давлатиро монторинг карда, ҳолатҳои коррупсияро ошкор намоянд ва ба ҷомеа пешниҳод кунанд. Ин мониторинг метавонад ба таҳкими ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият мусоидат кунад. Масалан, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ метавонанд хароҷоти буҷавиро назорат кунанд ва ҳолатҳои истифдаи ғайримақсадноки маблағҳоро ошкор намоянд.
2) Таҳқиқоти сотсиологӣ. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд тадқиқотҳои сотсиологӣ гузаронанд, ки ба муайян кардани сатҳ ва хусусияти коррупсия, инчунин дарки ҷомеа аз ин падида мусоидат мекунанд. Ин тадқиқотҳо метавонанд маълумот муҳимро барои таҳияи сиёстаи зиддикоррупсионӣ таъмин намоянд. Натиҷаҳои ин тадқиқотҳо метавонанд ба ҳукумат барои таҳияи чораҳои муассир кӯмак расонанд.
3) Маъракаҳои иттилоотӣ. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд маъракаҳои иттилотӣ ва ташвиқотӣ гузаронанд, ки ба баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи зарари коррупсия ва роҳҳои мубориза ба он равона шудаанд. Ин маъракаҳо ба ташаккули фарҳанги тоқатнопазирӣ ба коррупсия мусоидат мекунанд ва шаҳрвндонро ба мубориза бо ин падида ташкиқ менамоянд.
4)Пешниҳоди тавсияҳо. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд ба ҳукумат тавсияҳо оид ба таҳкими мубориза бо коррупсия пешниҳод кунанд. Ин тавсияҳо метавонанд бо такмили қонунгузорӣ ва сиёсати зиддикоррупсионӣ мусоидат кунанд ва ба назар гирифтани афкори ҷомеаро дар раванди қабули қарорҳо таъмин намоянд.
Ҳамкориҳои байналмилаӣ низ дар мубориза бо коррупсия аҳамияти калон доранд. Тоҷикистон узви як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумда Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад, Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Бонки Ҷаҳонӣ, имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами байналмилаӣ дар мубориза бо коррупсия омӯхта ва татбиқ карда шавад. Ин ҳамкориҳо инчунин ба таҳкими иқтидори муассисаҳои зиддикоррупсионӣ ва таҳияи қонунгузории мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Масалан, БРСММ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёдеро дар самти мубориза бо коррупсия амалӣ менамоянд, ки ба таҳкими иқтидори мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудаанд.
Сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, дар мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як қатор мушкилот вуҷуд дорад. Сатҳи пасти шаффофият дар баъзе соҳаҳо, набудани механизми муассири ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ, сатҳи пасти иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорати зиддикоррупсионӣ, расмиёти мураккаб ва бюрократия дар мақомоти давлатӣ, сатҳи пасти маош ва норасоии захираҳои молиявӣ ва инсонӣбарои татбиқи пурраи стратегияҳои зиддикоррупсионӣ аз ҷумлаи ин мушкилот мебошанд.
Барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад (махсусан дар доираи Стратегияи давлатӣ то соли 2030), маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва тарбиявӣ зарур аст. 1) таҳия ва қабули қонунҳои нав, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва ба пурзӯр намуданиҷавобгирӣ барои кирдорҳои коррупсионӣ равона шудаанд; 2) ҷорӣ намудани механизмҳои шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дастрасии озод ба иттилоот, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва хизматрасониҳои онлайн метавонад ба коҳиши тамоси мустақими шаҳрвандон бо мансабдорон мусоидат кунад; 3) фароҳам овардани шароит барои иштирои фахъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия, аз ҷумла дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и мустақил, масалан, тахъсиси шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти давлатӣ метавонад ба назорати ҷамъиятӣ мусоидат кунад; 4) баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, гузаронидани маъракаҳои иттилотӣ ва ташвиқотӣ барои баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи зарари коррупсия ва роҳҳои мубориза бо он. Инчунин, зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фанҳои зиддикоррупсионӣ ҷорӣ карда шаванд. Масалан, баргузории семинарҳо ва тренингҳо барои кормандони давлатӣ ва аҳолӣ метавонанд ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мусоидат кунад; 5) истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ. Зарур аст, ки Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо коррупсия фаъолона иштирок кунад. Ии ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидат мекунад. Масалан, иштирок дар форумҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба бо кишварҳои дигар метавонад ба муборизаи муассир бо коррупсия мусоидат кунад; 6) ислоҳоти институтсионалӣ. Таҳкими иқтидори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла бо роҳи таъмини мустақилияти он, зиёд кардани захираҳои молиявӣ ва инсонӣ, ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон. Инчунин зарур аст, ки низоми интихоб ва таъини кадрҳо дар мақомоти давлатӣ шаффоф ва одлилона бошад; 7) ҷорӣ намудани технологияиҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои электронӣ, ки он ба соддагардонии расмиёт ва коҳиши бюрократия мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, коррупсия як мушкилоти ҷиддӣ буда, ба рушди устувори Тоҷикистон монеъ мешавад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб таваҷҷуҳи доимӣ ва татбиқи чораҳои ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки кори дастаҷамъонаи тамоми ҷомеа аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар мубориза бо коррупсия ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад ва барои рушди устувор ва адолати иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам гузорад.
Раҳимова Насиба Ҳасановна
муаллими калони кафедраи
фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ