Изҳорот оид ба ғояҳои ихвонии Кабирӣ

Рӯз аз рӯз гурӯҳҳою ташкилотҳои террористӣ бо ҳаргуна иғвоҳои худ рӯи саҳнаи сиёсат баромаданӣ ҳастанд. Асолати онҳо дар асоси афкори харобиовари гурӯҳҳои иртиҷои ва ифротию террористӣ бунёд ёфтаанд. Чунин ашхос ҳоло ҳам сухан аз сулҳ, субот ва некуаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқи таърихашон назар афканем, инҳо афсонаҳои асотириро ба ёди мо меоранд, ки дар гузашта қувваи торикии аҳриман гуфта мешуданд. Мақсади асосии ин ташкилотҳо ба сари ҳокимият омада, амалҳои хешро роҳандозӣ намоянд. Онҳо худро шахси сиёсатмадору имондор ва ватандуст нишон медиҳанд. Ихвониҳои ин замона Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар муддати кутоҳ  ҳамаи амалҳояшон ошкор гардида, аз сари қудрат ронда шуданд.

Мо ҳамаи амалҳои ғаразонаи онҳоро маҳкум менамоем бо худи суханони Пешвои миллат фикрамонро ҷамъбаст менамоем.” Ҷавонони мо мисли соҳои 90-ӯми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик  ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Мо имрӯз дар ҳавои соф дар озодӣ фаъолият мекунему умр ба сар мебарем ва аз Худованд орзу дорем, ки ин ҳама то абад дар кишвари азизамон ҳукмфармо бошад. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз ҳар яки мову шумо вобаста аст.

 

Турдиматова П.М.-сармуаллимаи

кафедраи молия ва қарз

You might also like