Ташаббусҳои давлатӣ дар рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

...омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони англисӣ, яке аз омилҳои муҳимми рушди зеҳнии ҷавонон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад. Э. Раҳмон

Марҳилаи 35-солаи Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи муҳим ва сарнавиштсоз дар роҳи ташаккул ва рушди устувори давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз, дар арафаи таҷлили ин санаи муқаддас, метавон бо ифтихор аз дастовардҳои назарраси кишвар дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг, илм, тандурустӣ, инфрасохтор ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ёдовар шуд. Дар миёни ин пешрафтҳо, махсусан соҳаи маориф ва тақвияти забономӯзӣ мақоми хоса дорад, зеро маҳз илму маърифат ва сатҳи баланди дониш асоси пешрафти устувори ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ шабакаи муассисаҳои таълимӣ ба таври назаррас густариш ёфта, шумораи мактабҳо тақрибан ба зиёда аз 4000 расид. Ҳамзамон садҳо муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, ҳазорҳо синфхонаҳо таъмиру навсозӣ шуданд, ки ин барои фарогирии пурраи кӯдакон ба таҳсил заминаи устувор фароҳам овард.

Ҳамчунин, шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 70 ҳазор нафар дар оғози истиқлолият ба зиёда аз 200 ҳазор нафар афзоиш ёфт. Ин нишондиҳанда далели равшани болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба илму дониш мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ омӯзиши забони англисӣ ҳамчун забони байналмилалии илм, технология ва муошират аҳамияти махсус касб кардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони англисӣ, яке аз омилҳои муҳими рушди зеҳнии ҷавонон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад.

Бо ин мақсад, дар кишвар Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (аз 30.08.2019 таҳти рақами №438) амалӣ гардида, дар доираи он таълими забони англисӣ аз зинаҳои ибтидоии таҳсил ҷорӣ ва тадриҷан тақвият дода шудааст.Имрӯз дар аксари муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои махсуси омӯзиши забони англисӣ фаъолият доранд ва омӯзгорон бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дарс мегӯянд.

Дар баробари ин, марказҳои зиёди омӯзиши забонҳо дар саросари кишвар таъсис ёфтаанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониши забономӯзии ҷавонон мусоидат мекунанд. Истифодаи платформаҳои рақамӣ ва барномаҳои электронӣ низ имконияти омӯзиши мустақилонаи забони англисиро васеъ гардонидааст.

Дар шароити муосир, донишгоҳҳо ҳамчун маркази асосии омодасозии мутахассисони баландихтисос бояд ба омӯзиши забони англисӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Зеро аксари манбаъҳои илмӣ, китобҳои муосир ва дастовардҳои илмии ҷаҳон маҳз бо забони англисӣ нашр мегарданд.

Омӯзиши забони англисӣ дар донишгоҳҳо на танҳо воситаи муошират, балки калиди дастрасӣ ба донишҳои нав, технологияҳои муосир ва таҳқиқоти илмии байналмилалӣ мебошад. Донишҷӯёне, ки ин забонро хуб аз худ мекунанд, имконият пайдо мекунанд, ки дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ, табодули донишҷӯён ва таҳқиқоти муштарак иштирок намоянд.

Аз ин рӯ, таҳкими омӯзиши забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати маориф ба ҳисоб меравад ва бояд пайваста такмил дода шавад.

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба масъалаи омӯзиши забони англисӣ низ аҳамияти хоса дода мешавад. Дар ин самт як қатор иқдомҳои муҳим ба роҳ монда шудаанд, аз ҷумла:

  • ҷорӣ намудани дарсҳои забони англисӣ барои ҳамаи ихтисосҳо;
  • таъсиси гурӯҳҳо ва курсҳои махсуси омӯзиши забони англисӣ;
  • истифодаи усулҳои муосири таълимӣ ва технологияи рақамӣ дар раванди омӯзиш;
  • ташкили клубҳо ва маҳфилҳои забономӯзӣ барои баланд бардоштани малакаи гуфтугӯӣ;
  • ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва мутахассисони забони англисӣ;
  • ташкили дарсҳои иловагӣ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои байналмилалии забон.

Ин иқдомҳо барои баланд гардидани сатҳи забондонии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мусоидат мекунанд.

Дар маҷмӯъ, 35 соли истиқлолият барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи рушди устувори соҳаи маориф ва забономӯзӣ ба ҳисоб меравад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки сатҳи дониш, маърифат ва забондонии ҷавонон ба таври назаррас баланд гардад.

Омӯзиши забони англисӣ имрӯз на танҳо як фанни таълимӣ, балки воситаи муҳимми рушди шахсият ва калиди муваффақият дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Аз ин рӯ, тақвияти он дар тамоми зинаҳои таҳсил, бахусус дар донишгоҳҳо, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии маориф мебошад.

 Ҳакимова Мавзунаҷон Маҳмудҷоновна

н.и.ф., дотсенти кафедраи забони  англисӣ

You might also like