Бадкарда бадгумон аст!

Инсон баҳри расидан ба манфиати хеш воситаҳои гуногунро истифода мебарад. Бояд қайд намоем, ки М. Кабирӣ ҳадаф ва мақсадҳои ниҳоние дорад, ки барои дигарон маълум нест. Ӯ дар паёми солинавии хеш баъзе рақамҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон оварда шуда буд, дуруғ хондааст.

Чӣ тавре, ки дар урфият мегуянд “бадкарда бадгумон аст”.  Кабирӣ, ки худ бо суханони дуруғ инсонҳоро фиреб медиҳад, дигар шахсиятҳоро низ дуруғгӯ мепиндорад. Мо ба  Кабирӣ гуфтанием, ки мо халқи тоҷикистонӣ ба суханони Пешвои миллати хеш комилан боварӣ дорем, зеро ростқавлӣ ва ростгуии худро Пешвои миллат дар солҳои сахту сангин барои давлату миллат исбот намудааст. Пешвои миллати тоҷик доимо дар назди халқу миллат ваъдаи додаашро иҷро намудааст. Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дареғ надошта баҳри таъмини сулҳу осоиш дар Тоҷикистон шабу руз талош намудааст. Бинобар ин, халқи Тоҷикистон баҳри ин хизматҳои шоистаи ӯ унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” насиб донист.

Халқи тоҷик солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва он шахсоне, ки баҳри мубориза барои ҳокимият бо макру фиреб мардумро раҳгум шуда буданд, хуб дар ёд дорад ва ба суханони шумо барин маккорон боварӣ надоранд. Имруз мардуми тоҷик ба қадри осмони софу беғубор ва тинҷу оромӣ расида, намегузорад, ки лухтакбози мансабпарастону мансабталошон гардад.

Ҳошимова Н.А. – ассистенти кафедраи

 сиёсатшиносии ДДҲБСТ 

You might also like