Баргузории ҳафтаи кафедраҳо дар Донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи баргузории ҳафтаҳои фаннӣ ҳафтаи кафедраҳои назарияи иқтисодӣ, забони русӣ, хадамоти гумрук, ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса оғоз гардид. Чорабинии ифтитоҳӣ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираҳои ҷамъиятӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати оғози ҳафтаҳои кафедраҳо табрику таҳният гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои илмию омӯзишӣ барои таҳкими заминаи назариявию амалӣ, рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорону донишҷӯён аҳаммияти хоса дорад.
Ректори Донишгоҳ зикр намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир истифодаи васеи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва усулҳои инноватсионии таълим амри зарурӣ ба шумор меравад. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди машғулиятҳо усулҳои фаъоли таълимро роҳандозӣ намуда, донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи фанҳо, азхудкунии технологияҳои муосир ва рушди малакаҳои таҳлилӣ ҷалб намоянд.
Дар доираи ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатӣ аксияи “Китоб-беҳтарин армуғон” доир шуда, аз ҷониби роҳбарон ва намояндагони мақомоту идораҳои ҳамкор ба миқдори беш аз 200 адад китобҳо ба китобхонаи илмии Донишгоҳ тақдим шуд ва тақдими китобҳо ба китобхона то анҷоми ҳафтаи кафедра идома меёбад.
Ҳамзамон, дар долони факултет гӯшаи махсуси намоишӣ ташкил гардида, дар он дастовардҳои илмӣ, таълифоти илмию таълимӣ ва методии устодони кафедраҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд. Меҳмонон ва иштирокдорон бо фаъолияти илмиву таҳқиқотии омӯзгорон аз наздик шинос шуда, ба сатҳи омодагии илмӣ ва ташаббусҳои навоваронаи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар доираи ҳафтаи кафедраҳо баргузории маҳфилҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конфронсҳо, чорабиниҳои тарбиявӣ, инчунин вохӯриву мулоқотҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст. Ин тадбирҳо ба таҳкими ҳамкории илмву амалия, баланд бардоштани ҷаҳонбинии касбӣ ва густариши робитаҳои Донишгоҳ бо ниҳодҳои гуногун мусоидат хоҳанд кард.
Бояд зикр намуд, ки баргузор намудани ҳафтаҳои кафедраҳо яке аз иқдомҳои муҳими роҳбарияти Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф, рушди фаъолияти илмӣ ва таҳкими сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад. Ин гуна чорабиниҳо заминаи мусоид фароҳам оварда, барои рушду такомули фазои илмӣ ва баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ мусоидат менамоянд.

                                                                                     Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like