Мулоқоти ректори Донишгоҳ бо хатмкунандагон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
13 феврали соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманди ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода бо хатмкунандагони муассиса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур инчунин муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, роҳбарияти муассиса, омӯзгорон ва хатмкунандагон иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода зимни суханронии худ доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд. Ӯ таъкид кард, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф ва илму донишро муайян намуда, барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсилу рушдро фароҳам месозад.
Ректори Донишгоҳ ҳамзамон ба хатмкунандагон оид ба шароити муосири таълиму тарбия дар донишгоҳ, ихтисосҳои амалкунанда, пояи моддию техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои иштирок дар барномаҳои табодули донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод кард. Қайд гардид, ки Донишгоҳ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.
Муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода низ зимни баромади худ ба масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва рушди малакаҳои эҷодиву зеҳнии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зикр шуд, ки дастгирии давлатии соҳаи маориф ва фароҳамсозии имкониятҳои нав барои ҷавонон омили асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи мулоқот байни хатмкунандагон ва роҳбарияти Донишгоҳ суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Хонандагон доир ба тартиби қабул, имтиёзҳо, шароити хобгоҳ, таҷрибаомӯзӣ ва дурнамои фаъолияти касбӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Чунин мулоқотҳо барои роҳнамоии касбии хатмкунандагон ва интихоби дурусти роҳи ояндаи онҳо мусоидат намуда, заминаи таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ маҳсуб меёбанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














