Заминаҳои сиёсиву ҳуқуқии рушди давлат дар партави Паём

Пешвои миллат ба масъалаи масъулиятшиносии мансабдорон, мубориза бо бюрократия, фасод ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи махсус дорад. Ин санади муҳими сиёсӣ на танҳо ҳисоботи солонаи фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, балки барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ба ҳисоб меравад.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бо афзоиши таҳдидҳои геосиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ тавсиф меёбад, мазмун ва самтҳои дар Паём зикршуда аҳамияти хосаи илмӣ ва амалӣ касб менамоянд.

Яке аз нуктаҳои калидии Паёми Президенти кишвар таваҷҷуҳи пайваста ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва таъмини суботи сиёсӣ мебошад. Сарвари давлат борҳо таъкид менамоянд, ки суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ дастоварди бузурги таърихии мардуми тоҷик буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ва ниҳодҳои давлатӣ мебошад.

Аз нигоҳи назарияи сиёсӣ, суботи сиёсӣ омили асосии рушди устувор ба шумор меравад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки давлатҳое, ки аз низоми мутавозини сиёсӣ, қонуният ва эътимоди шаҳрвандон бархурдоранд, метавонанд ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии дарозмуддат ноил гарданд. Дар ин замина, сиёсати Пешвои миллат ба таҳкими ҳокимияти қонунӣ, пешгирии омилҳои низоъзо ва таҳкими фарҳанги сиёсӣ нигаронида шудааст.

Дар Паём масъалаи рушди демократия ва такмили фаъолияти институтҳои сиёсӣ мавқеи хоса дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва такмили фаъолияти мақомоти намояндагӣ ишора менамоянд.

Ин равиш аз он шаҳодат медиҳад, ки демократия дар Тоҷикистон ҳамчун равандии тадриҷӣ ва мутобиқ ба хусусиятҳои миллӣ баррасӣ мегардад. Аз нигоҳи илми сиёсӣ, чунин модел ба назарияи демократияи устувор мувофиқ аст, ки дар он рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ бо принсипҳои демократӣ ҳамоҳанг карда мешаванд.

Яке аз бахшҳои муҳими Паём ба такмили низоми идоракунии давлатӣ ва сиёсати кадрӣ бахшида шудааст. Пешвои миллат ба масъалаи масъулиятшиносии мансабдорон, мубориза бо бюрократия, фасод ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Аз дидгоҳи таҳлили сиёсӣ, идоракунии самаранок яке аз шартҳои асосии ҳокимият мебошад. Вақте шаҳрвандон фаъолияти воқеан муассири давлатро эҳсос мекунанд, сатҳи эътимод ба институтҳои сиёсӣ боло меравад. Дар Паём зарурати омода намудани кадрҳои ҷавон, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии муосир ҳамчун омили рушди давлатдорӣ таъкид мегардад.

Бахши сиёсати хориҷии Паём Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва масъул дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Президенти кишвар сиёсати «дарҳои боз», ҳамкории баробарҳуқуқ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, инчунин иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалиро аз афзалиятҳои асосӣ медонанд.

Масъалаи амнияти миллӣ дар Паём ҳамчун афзалияти доимии сиёсати давлатӣ баррасӣ мешавад. Пешвои миллат ба таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ишора намуда, зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва иқтидори сохторҳои қудратиро таъкид менамоянд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои глобализатсия, пешрафти технология ва афзоиши муносибатҳои иҷтимоӣ босуръат рушд меёбанд, масъалаи маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили калидии ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳамияти хосса касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ташаббуси эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027» иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти бузурги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Маърифати ҳуқуқӣ пеш аз ҳама ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб донанд, қонунро эҳтиром намоянд ва дар ҷомеа фаъолона иштирок кунанд. Ҷомеае, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии он баланд аст, дар он ҷинояткорӣ коҳиш ёфта, адолат ва қонуният таъмин мегардад.

Эълон гардидани соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои дӯст мусоидат намояд. Табодули таҷриба, баргузории ҳамоишҳо, омӯзишҳои муштарак ва татбиқи барномаҳои байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ба рушди низоми ҳуқуқии давлатҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Яке аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус — пешгирии ҷинояткорӣ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари қонуншиканиҳо аз надонистан ё нодуруст дарк намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ сар мезананд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, наврасон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа метавонад ба коҳиши ҷинояткорӣ ва таҳкими амнияти ҷамъиятӣ мусоидат намояд.

Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи амният ва суботи ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Таҳкими қонуният, мубориза бо коррупсия, пешгирии терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар таҳдидҳои муосир ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат муайян шудаанд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо арзёбӣ гардида, ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Бо дарназардошти таҳлили боло, метавон хулоса намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади мукаммали стратегӣ буда, тамоми самтҳои асосии сиёсати давлатӣ — аз давлатдорӣ ва демократия то амният ва сиёсати хориҷиро фаро мегирад. Бардоштҳо ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дорои заминаи устувори илмӣ ва таҷрибавӣ мебошанд.

Татбиқи пайгирона ва мақсадноки нуктаҳои дар Паём ироагардида метавонад омили муҳими таҳкими суботи сиёсӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардад.

 

Акмолова М.-доктори илмҳои сиёсӣ,

директори Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ,

ҳамгироӣ ва дипломатияи  ДДҲБСТ

You might also like