Изҳороти кафедраи забони тоҷикӣ нисбати босмачигарии наҳзатиён

Дар васоити ахбори омма — рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ дар бораи ҳаракати босмачигӣ ва шахсияти қӯрбошиҳо фикру андешаҳои гуногун интишор меёбанд.

Агар муқоиса кунем, дармеёбем, ки фаъолияти ҳизби наҳзат дар солҳои навадуми асри гузашта ва имрӯз айнан ҳамон амалҳоест, ки босмачиҳо анҷом медоданд. Яъне мақсади ҳам босмачиҳо ва ҳам наҳзатиҳо на бунёди давлати миллӣ, балки давлати зиддимиллию мазҳабӣ буда, роҳи муборизаи ҳар дуи ин ҳаракатҳо зӯрию даҳшатафканӣ, аз ҷумла куштору террор аст.

Босмачиҳо дар замонаш зиёиҳо ва одамони озодандешро аз байн мебурданд. Наҳзатиҳо ҳам беҳтарин фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумла олимону журналистҳо ва сиёсатмадоронро ба қатл расондаанд. Босмачиҳо ҳамчун абзори дасти қудратҳои минтақавӣ бар зидди Ҳукумати Шӯравӣ ва манфиати миллатҳои муқими Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикҳо фаъолият доштанд ва бо баҳонаи барқарор кардани Аморати Бухоро мехостанд давлати ба доираҳои муайяни хориҷӣ вобастаеро бунёд намоянд.

Наҳзатиҳо ҳам як олоти дасти хадамоти махсус ва доираҳои мазҳабии хориҷӣ буда, бар зидди манфиатҳои миллӣ фаъолият доранд ва барои татбиқи мақсадҳои неруҳои бегонаю душман мубориза мебаранд. Мардуми Тоҷикистон ҳамон тавре ки зидди босмачигарӣ мубориза бурда буд, солҳои охир айнан ба ҳамон тарз дар муборизаи зидди наҳзатиҳо муттаҳид гардид ва бар он ғолиб омад.

Муҳиддин Кабирӣ бо ин ақидае ки нашармида ва беинсофона баён кардааст, яъне босмачиҳоро «қаҳрамон», «баномус» ва «истиқлолиятхоҳ» номидааст, аз Иброҳимбеку Кури Шермат ягон фарқе надорад. Аҳли ҷомеаи кафедра ин кирдор ва гуфторҳои наҳзатиёнро маҳкум намуда андеша дорем, ки онҳо ҳеҷ гоҳба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.

Аҳли устодони кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like