ЭҲТИРОМУ МАҚОМИ ОМӮЗГОР

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм, дониш ва тарбия ба омили асосии рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтаанд, баланд бардоштани мақом ва нуфузи омӯзгор аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: “Омӯзгор меъмори ақлу маърифати инсон ва тарбиятгари насли ояндаи давлатмебошад”.

Қабули қонуни мазкур 17 декабри соли 2025 “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз ҷониби Сарвари кишвар имзо гардид, бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ва сиёсати дурнамои Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳо ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор мебошад.

Ин иқдоми муҳим бори дигар далели он аст, ки омӯзгор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, дастгирии ӯ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад.

Қонун муносибати ҷомеа ва мақомоти давлатиро нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ ба дараҷаи сифатан нав мебарорад.

Чунонки Сарвари мамлакат таъкид мекунанд: “Ояндаи давлат аз сатҳи донишу маърифати насли наврас вобаста аст ва ин масъулият, пеш аз ҳама, бар дӯши омӯзгор меафтад”.Шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир буда, ҳама гуна амалҳои пастзанандаи қадру қимати ӯ қатъиян манъ мебошанд.

Ин меъёр ба таҳкими нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, боло рафтани эҳтиром нисбат ба касби омӯзгорӣ ва фароҳам овардани муҳити солим таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” эҳтироми ҳуқуқӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳуқууқ  ӯҳдадориҳо ва дахлнопазтрии фаъолияти касбии омӯзгор ба таври равшан муайян шудаанд.Татбиқу роҳандозии сифату самараноки меъёрҳои қонун баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот, фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия ва ахлоқи ҳамидаи насли соҳибмаърифат амали судбахш хоҳад гашт.

Ҷомеаи кафедраи забони тоҷикии факултети молия ва андоз саъю кӯшиш менамоянд, ки қонуни мазкурро дар рушди фаъолияти хеш сармашқи таълиму тарбия қарор дода, ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки барои таъмини ҷиҳати амалии он тамоми имкониятҳои воқеиро истифода намуда, донишу маҳорати касбиашонро корбаст карда, дар таъмини волоияти он тафаккури зеҳниашонро истифода намуда, дар камол расонидани мутахассисони варзидаи талаботи замони муосир саҳми хешро мегузаронад.

 

Кенҷаев С. –н.и.ф.,  дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like