Изҳороти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ нисбати акти террористӣ

Ба вуҷуд омадани амали террористӣ дар рузи таҷлили ҷашни Қонуни асосии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки  ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ташкилоти террористии “ДИИШ” зидӣ зиндагии осоиштаю созандаи ҷомеа баромад мекунанд.

Чи хеле, ки маълум шуд,  бо далериву ҷасурӣ ва кордонии мақомоти дахлдор терористон ба анҷом додани амалиёти тахрибкоронаи худ муваффақ нашуданд ва як қисмашон ба ҳалокат расида, қисми дигарашон боздошт гардиданд. Ин ҳодиса шаҳодати он, ки мақомоти давлатӣ баҳри таъмини сулҳу амнияти миллӣ шабҳои дароз  бедорхобӣ кашида, вазифаи ба дӯш доштаашонро дар сатҳи олӣ анқом медиҳанд.

Имрӯз аз хабару мақолаҳои дар сомонаҳои наҳзатӣ паҳн гардида бармеояд, ки раҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ бо террористони “ДИИШ” ҳамақидаанд.

Мо устодону омузгорон сиёсати кунунии роҳбари давлат ва мақомотҳои қудратиро дар самти таъмини амнияти ҷомеа пурра дасгирӣ менамоем. Намегузорем, ки чунин хоинони миллат садди роҳи хушбахтии халқи тоҷик гарданд.

Изҳороти устодони кафедраи ҳуқуқи судӣ
ва назорати прокурорӣ ДДҲБСТ

You might also like