Душманони дину диёнат

Ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири ҳеҷ як тоҷику тоҷикистонӣ фаромўш нашудааст. Саҳнаи  майдони “Шаҳидон”, ки мардуми фирефташуда ҷамъ омада буданд ва ба суханҳои баромадкунандагон, аз қабили  Эшони Қиёмиддин мулаққаб бо “ҷенерали мардумӣ”, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва амсоли онҳо гўш медоданд. Онҳо бо тамоми маҳораташон мардумро ба фитнаву тафриқа ва нооромиҳо даъват менамуданд. Инсон ба тааҷҷуб меояд, ки нафароне, ки аз таълимоти илоҳӣ бархўрдор ҳастанд ва дар байни мардум ҳамчун “мулло” муаррифӣ гардидаанд, чаро одамонро ба таълимоти Исломи поку ҳақиқӣ даъват накарданд.

Охир онҳо медонистанд, ки оятҳои Қуръони карим инсонро ба ҷангу қатлу куштору вайронкорӣ даъват накардааст. Дини мубини ислом, дини сулҳу раҳмат буда, дар ҳеҷ замоне бар хилофи равиши зиндагии мардум ҳукми худро лозим надонистааст. Ҳамеша барои саодати мардум ва ҷомеаи башарӣ беҳтарин роҳи зиндагиро раҳнамоӣ менамояд.

Аз рафтору гуфтору кирдори онҳо маълум гардид, ки онҳо зоҳиран дар байни мардум худро гўё дилсўзи дини ислом меҳисобиданд, аммо вақт нишон дод, ки ҳамаи онҳо хоҷагони хориҷии худро доштаанд ва нақшаву ниятҳои онҳо ин буда, ки мазҳабу фарҳангу урфу одатҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро, ки мардуми мо амал карда омаданд, аз байн баранд. Пеш аз замони истиқлолият теъдоди масҷидҳо ангуштшумор буданд, китобҳои динӣ ба мардум дастрас набуд ва баъзе иддаи мардум ба монанди имрўз ақидаи солим надоштанд.

Тоҷикистон соҳиби давлати мустақил гардид ва поягузории он на он қадар мустаҳкам буд. Аз ин фурсат истифода карда, душманони миллат тавонистанд мардумро ба гурўҳҳо ҷудо намоянд ва байни ҳамдигар тухми нифоқу бадбиниву буғзу адоватро коранд. Дар натиҷа ҷанги бародаркуш оғоз гардид, ҳазорҳо мардум аз ҳаёт маҳрум шуданд, кўдакон ятим монданд, падару модарон ба доғи фарзанд гирифтор шуданд, занҳо бесаробон монданд, миллионҳо мардум гуреза ва аз хонаву дари худ маҳрум шуданд. Мушкили дастрасӣ ба маводи озуқа ба миён омад ва ҳазорҳо нафар аз гуруснагӣ фавтиданд. Ин ҳама рўзҳои мудҳишу бадбахтиҳоро мардуми тоҷик аз сар гузаронид.

Аммо Худованд нақшаву ниятҳои ғаразноки душманони миллатро амалӣ нагардонид. Худованди меҳрубон ба ин миллати куҳанбунёд дар ин ҳолат нафареро рўи саҳна овард, ки мардуми парокандашударо сарҷамъ карда, ба қалби онҳо тухми меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва сулҳу ваҳдатро ҷой намуд. Ин нафар шахси Худодод Пешвои миллати тоҷикон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз ибтикори давлату Ҳукумат буд, ки гуноҳи мухолифин бахшида шуда, ба онҳо ҳаёти осоишта таъмин карда шуд. Тибқи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба аъзоёни Иттиҳоди неруъҳои мухолифин ва ҳизби наҳзат 30%-и мансабҳои давлатӣ дар ҳама соҳаҳо пешниҳод гардид. Лек ба ин ҳам қаноат накарда роҳбарият ва аъзоёни ҳизби наҳзат даст ба куштор, роҳзанӣ ва мардумозорӣ мезаданд. Аз ҷумла соли 1998 барои ба пешвози роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ набаромадани собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Собир Бегиҷонов аз ҷониби наҳзатиён ба қатл расонида шуд. Ин амал бозгу аз ваҳшонияти онҳо дарак медиҳад.

Имрўзҳо, мутаассифона баъзе фирориёни ташкилоти террористии ҲНИ аз хориҷа истода, зидди давлати тоҷикон кор мебаранд, нақша мекашанд ва бадгўӣ мекунанд. Аммо боре ҳам амалҳои худро ба тарозуи воқеият баркашида ба хулосае намеоянд, ки чӣ бадбахтиҳоро ба ҷомеаи Тоҷикистон оварданд ва ҳамаи он амалҳо мухолифи оятҳои Қуръон, ҳадисҳои Пайғамбар Ҳазрати Муҳаммад (с) ва созишномаи сулҳ мебошанд.

Саидбоева М.Р. – сармуаллимаи

кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like