Амнияти устувор кафили рушди ҷомеа!

Хулосабардорӣ аз мусобиҳаи телевизионӣ бо  директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода нисбати вазъи кунунии минтақа ва Тоҷикистон.

Дар ҳақиқат вақтҳои охир минтақаи Осиёи Мирказӣ  аз лиҳози амниятӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Агар мо ин нуктаро дар назар бигирем, ки дар як соли ахир нооромиҳо аз ҷануби Афғонистон то ба марзҳои шимолии ин кишвар омадааст, пас масъалаи амният дар минтақа аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Ҳоло мо барномаи «Сӯҳбати муҳим», яъне сӯҳбати барандаи телевизиони Тоҷикистон  бо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзодаро шунидем. Ҳадаф аз баргузории ин мусоҳиба дар он, ки баррасии якчанд нуктаҳои асосии натиҷаи сулҳу субот, амнияти Тоҷикистон ва то чи андоза суботу оромии Осиёи Миёнаро инъикос намояд.

Файзулло Баротзода ба якчанд  саволи баранда чунин посух дода, аз ҷумла гуфт, ки  чанде қалб Маркази таҳлилии Амрикоӣ «КЛОП» байни 142 кишвари ҷаҳон кишвари моро, Тоҷикистони азизро дар зинаи дуввуми амнтарин ҷой гузошт. Барои  ба ин зина насиб дидани Тоҷикистон Маркази таҳлилии Амрикоӣ аз ҳар ҷиҳат омӯхта ва натиҷагирӣ карда шуд. Вақте ки ягон давлат бо давлати дигаре ҳамкори кардан мехоҳад, аввал ба сулҳу субот, амният ва ояндаи ин  давлатро меомӯзад, сатҳи дороият ва  чандин параметрҳои амнияти ин ё он давлатро баррасӣ намуда, баъдан натиҷагирӣ менамояд. Аз расонаҳои интернетӣ ба зинаи дуввуми будани Тоҷикистони азизамон ба тамоми дунё паҳн шуд, ин боиси хушнуди давлати мо яке аз давлати амнтарин ба ҳисоб меравад, барои туризм ва барои ташриф овардани шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон бисёр мувофиқ аст ва натанҳо амният сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон, вале дар тамоми гӯшаҳои дурдасттарини кишвар танинандоз аст ва худи мо ҳам аз ин вазъи сулҳу субот, амният огоҳи дорем.

Дар  кишварамон тамоми инфрасохтори муҳайё мебошад, ин барои ҷалб намудани инвеститсияи ҳориҷӣ ва сайёҳони хориҷӣ барои дидан намудани онҳо аз ҷойҳои дидании кишвари мо, ки воқеан аз нигоҳи экологӣ дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Ҳамаи ин шароит хориҷиёнро ҷалб ва раҳсипор менамояд. Ҳамаи ин аз сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бармеояд.

Баъдан  дар мусоҳиба нақши сулҳу субот ва амният ба Осиёи Маркази таъсир мегузорад. Файзулло Баротзода оид ба мавқеи созандагии Пешвои миллат, суханрониҳо, сафарҳои расмиву давлати ба кишварҳои гуногун гуфта гузашт ва таъкид намуд, ки эътиборан аз оғози 2017 муносибати байни кишварҳои Осиёи Маркази дар заминаи сиёсати мувафақонаи роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯст Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба марҳилаи бисёр навтарин муваққати ворид шуд. Аз сабаби ҳаматарафа шарту созишномава ҳамкории стратегӣ  имзо гардид, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар ин самт дар зинаи баланд меистем, табаддули тиҷорат, дидан кардан аз ҷойҳои дидани кишварҳои гуногун ва рушди сайёҳии дохили минтақави  ба дараҷаи хуб қарор дорад. Соҳаи сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардуми дар саросари кишвар нақши калидӣ мебозад. Чаро, ки афзун намудани буҷаи давлати аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ баланд меравад. Таваҷҷӯҳи сайёҳон аз сабаби сулҳу субот, амният мебошад. Дар меҳвари ҷавҳари калидии сулҳу субот, амният Тоҷикистон мебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар мусоҳиба матраҳ гардид ин масъалаи аввалинндараҷа – терроризм ва экстремизм мебошад, дар шимолии Афғонистон ҷангиён ҷойгир шудаанд. Барои сар бардошта натавонистани онҳо бояд корҳои профилактикӣ гузаронида шавад.  Имрӯз ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои лозимиро ба кор бурда истодааст. Кафили асосӣ – ин амнияти устувор,  сулҳу субот мебошад.

Ҳамин тариқ, аз шунидани  барномаи «Сӯҳбати муҳим»,  ба хулосае меоем, нақши сулҳу субот ва амният натанҳо дар кишвари биҳишосоямон Тоҷикистони гул – гул шукуфони мо, балки дар саросари сайёра аҳамияти бузург дорад. Мо бояд имруз  хамчун як шаҳрванд шукронаи тинҷиву оромӣ, шукронаи сохибистиқлолии   ватани  азиз ва биҳиштосоям Точикистон, шукронаи  роҳбари оқилу хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззам, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро мекунем. Ватани худро аз дасти хоинон эмин нигоҳ медорем.

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони русии ДДҲБСТ 

You might also like