Сарҷамъии нерӯҳои мухолифин зери чатри наҳзат
Дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва хориҷи кишвар худро муаррифӣ ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.
Лекин ба ин нигоҳ накарда дар ҳама давру замон нафароне ба назар мерасанд, ки мехоҳанд бо ҳар гуна амалҳои нопоки худ дар байни ҷомеа низоҳои сиёсиро барангезанд.
Аз зумраи чунин гуруҳи ифротиён Паймони миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷа қарор дорад, онро рад мекунад.
Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд. Ҳадаф аз ташкили эътилоф гӯё сарҷамъии нерӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф гуфта шудааст.
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби Таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати ислом”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохтаанд. Даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин созмонҳо боздошту зиндонӣ шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд. Душманони миллат зери чатри наҳзат Ватани моро ба ҷанги дохилӣ кашанд.
Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд. Мо шаҳрвандони давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда ба хоинони давлату миллат якҷоя мубориза хоҳем бурд.
Носирчонова М.Ҳ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ