Талбандагии паймоншиканон
Яке аз падидаҳои номатлуби замони ҷаҳонишавӣ ин ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намудани ҳизбу созмонҳои мухталифе, ки динро дар рӯйи худ ниқоб кардаанд, ба ҳисоб меравад. Гурӯҳҳои бадкирдор дини мубини исломро баҳри расидан ба мақсадҳои бади худ дастак менамоянд, ки амали ниҳоят зишт аст. Чунин гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар бисёр мавридҳо ҳадаф ва манфиатҳои давлатҳо ва шахсиятҳои мухталифро дар ҷаҳони ислом пиёда намуда, бар хилофи манфиатҳои миллию мазҳабии худ даст ба амалҳои тахрибкорию нооромсозии вазъияти иҷтимоию сиёсии ҷомеа мезананд, ки ниҳоят нигаронкунандааст.
Раванди сохтмони исломи сиёсӣ барои мо тоҷикон бегона набуда, аз аввалин рӯзҳои истиқлолияти давлатиамон аз худ дарак дод, ки ҳамчун ҳизби наҳзати ислом ном баровард. Мутаассифона, ин ҳизби ба ном исломӣ на баҳри пойдор намудани маърифати исломӣ дар ҷомеа ташкил шудаасту, балки аз номи ислом ба даст овардани ҳокимият камари ҳиммат бастааст, ки дар ин роҳ давлати моро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Аммо давлату миллат гуноҳҳои наҳзатиёнро бахшид ва барои ислоҳи онҳо имконият дод, лек ТЭТ ҲНИ ба амилиётҳои иғвоангези худро дар байни ҷомеа равона намуда, хостгори дубора бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат омадани буд, вале тираш хок хӯрд ва тибқи қонунгузории мамлакат фаъолияти ӯ манъ карда шуда, ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гардид.
Аммо баъди манъгардидани фаъолияти расмии ТЭТ ҲНИ, наҳзатиёни маккор баҳри ногувор сохтани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвари азизамон аз хориҷи кишвар бо ҳар баҳонаву роҳҳо боз ба амалҳои иғвоангезонаашон даст зада истодаанд, ки хиёнат бар болои хиёнат аст. Мусаллам аст, ки дар тӯли фаъолияти расмии худ ин ҳизби ба ном исломӣ тавонист як ё ду нафар инсонҳои ноогоҳро ба сафи худ бо роҳи фиребу гапҳои сафсата ба сафи худ ҷалб намояд, вале баъди ошкор гардидани амалҳои зишти ин гурӯҳ ва роҳбарони он ҳамон ҷонибдорони фирефтааш ҳам аз аъзогию мавҷудияти худ дар ин ҳизб рӯй гардониданд, ки ба пешвоёну роҳбарони ҳизби наҳзат зарбаи сахте буд. Аз ин рӯ, дар назди хоҷагону сарпарстони хеш худро сафед карда нишон додану пулҳои ҳангуфти гирифтаашонро рӯйпӯш намудан ва дар оянда боз маблағҳои бедарди миён гирифтан, ин гурӯҳи хиёнаткор амалҳои иғвоангез ва пасипардагии худро идома дода истодаанд.
Аз ҷумла иштироки хоинони миллат зери роҳбарӣ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз кӣ будани онҳо дарак дод. Паймоншиканон гӯё бо тими қавии худ барои шарманда намудани намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Лек аз ҷониби Раёсати ҷаласа ба мухолифин имконияти баромад кардан муҳайё нагашт ва ночор монданд. Мутаассифона аз шикасти худ наҳзатиён ягон сухан нагуфта, дар сомонаҳои расмии хеш аз “ғолибияти худ” овозаҳо бароварданд. Бори дигар исбот гардид, ки мақсаду мароми ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ба даст овардани маблағ аст.
Ҳасанов М.М. – мутахассиси шуъбаи тарбияи ДДҲБСТ