Дастоварди навбатӣ: Пирӯзии донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Донишҷӯи фаъолу варзишдӯсти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон — Ардашери Ҳамза дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиши ҷудо бо маҳорати баланду рӯҳи қавӣ баромад намуда, сазовори мақоми дуюм гардид.
Ардашер дар рафти сабқатҳо бо ҳарифони пуртаҷриба ва пурқувват рӯ ба рӯ шуда, тавонист дар марҳилаҳои мухталифи мусобиқа бар рақибони худ ғолиб ояд. Ҳарчанд дар даври ниҳоӣ барои медали тилло муборизаи шадид анҷом дода бошад ҳам, ба сабаби шикаст аз рақиби охирин ҷойи дуюм ва медали нуқраро соҳиб гардид. Ин дастоварди варзишии донишҷӯи донишгоҳ баёнгари заҳмат, устуворӣ ва омодагии ҷиддии ӯ дар ин ришта мебошад.
Барои ин муваффақият ба Ардашер медали нуқра ва дипломи ифтихорӣ супорида шуд.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода варзишгари ҷавонро шахсан табрик намуда, ба ӯ дар роҳи минбаъдаи варзиш ва таҳсил барору комёбӣ таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар давоми ҳафтаи сипаришуда Ардашери Ҳамза шашумин донишҷӯи ДДҲБСТ мебошад, ки дар мусобиқаву озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мақоми ифтихориро касб намудааст. Ин нукта аз болоравии сатҳи омодагии донишҷӯён ва таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти донишгоҳ ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо шаҳодат медиҳад.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди варзиш, ҳунар ва қобилияти шахсии донишҷӯён буда, барои дастгирии онҳо муҳити созанда ва шароити муносиб фароҳам овардааст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа