Нест бод вабои аср!
“Имрӯз терроризм ва эстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
“Имрӯз терроризм ва эстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Пас аз чандин ҳазор соли тамаддунофарӣ, рушду такомул ва ба зинаи олии ташаккул расидани инсон, дар асри нав терроризм ва экстремизм ҳамчун манфуртарин падидаи иҷтимоӣ зуҳур кард.
Манфиатҷӯйиву мансабпарастӣ, судхӯриву қудратталабӣ бо разолату ҷаҳолат дар ниҳоди афроде чанд омезиш ёфта, асбоби пайдоиши терроризм ва экстремизм гардид. Боиси таассуф аст, ки пайдоишу густариши ин падидаи нопок мартабаи шарифу бузурги инсонро доғдор намуд.
Мутаассифона, бо вуҷуди муборизаҳову чораҳои пешгирии саросарию оммавӣ ҳанӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои даҳшатафкану ғамангезро ҳар замон таҷриба мекунад, ки ин бар зеҳнҳои огоҳ ҳазорон суолҳои нокушодаро пеш мегузорад: Терроризм ва экстремизм чист? Чаро баъзе шахсон тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи ҷонкоҳ мераванд? Сабаби аслии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ кадом аст?
Муҳаққиқон ба он назаранд, ки вожаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш тарсу ваҳм аст. Ҳамчунин, дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” таррор ба маънои роҳзану одамкуш, киссабуру дузд ва маккору ҳиллагар оварда шудааст. Экстремизм бошад, аз калимаи фаронсавии “extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ ва тудравист.
Дар воқеъ, барои шинохти террорист возеҳтарин таъриф каломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста таъкид мекунанд: “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.” Вақте аввалин бор ин суханони Пешвои миллатро мехонед, чаҳормисрае бе восита ба ёд мерасад:
Эй мавҷуди нопок, надонам зи чӣ ҷинсӣ?
Даҳшатфиканию падари тарсу ҳаросӣ!
Ноодамиятро ба яқин одамӣ донад,
Эй паст зи ҳайвону ҳама ғарқи маъосӣ.
Оре, террорист мавҷуди беҳувиятест, ки аз дарки маънои зиндагӣ ва эҳсоси инсонӣ маҳрум аст. Террористро натанҳо, инсон ҳисобидан раво нест, балки ҳайвон шуморидани он як навъ тавҳину таҳқир нисбат ба олами ҳайвонот аст.
Таҳлилгарон иброз медоранд, ки ҷаҳлу таассуб, нодонию ноумедӣ, афсурдагии равонӣ, таассуроту бардоштҳои ғалат аз фаъолияти ниҳодҳои сиёсӣ, гумроҳиҳои эътиқодӣ ва номусоидии вазъи иқтисодӣ омили асосии гароиши ҷавонон ба ақидаҳои таҳрифшудаи гурӯҳҳои ифротӣ маҳсуб меёбанд.
Бо боварӣ метавон зикр намуд, ки амалишавии консепсияи мубориза бар зидди фаъолияти террористӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва профилактикӣ таҳти роҳбарии сиёсати созандаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир шудааст. Тамоми мақомоти қудратӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, комиссияҳо, гурӯҳҳои босалоҳият дар амалишавии сиёсати зиддитеррористӣ дар ҷумҳурӣ нақши бориз доранд. Чуноне ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, натанҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои харобиовари ин зуҳурот ҳимоя мекунад.”
Устоди ДДҲБСТ – Қаландарова М.Д.