Узви муҳимтарини инсон кадом аст? Аз они ҷомеа чӣ?

...бознашр

Майнаи инсон – бо боварии том ҷавоб медиҳед Шумо. Майнаи инсонист, ки одамизод киштиҳои бузургро ба кайҳон мефиристад, иншоотҳои беҳамторо бунёд мекунад, ба умқи заррачаҳои ноаён медарояд, тамоми ҳастиву нестиро таҳлил мекунад. Дил чӣ, эътироз мекунад дигаре, мешунавӣ чӣ тавр мезанад, хунро ба тамоми аъзои бадан мерасонад. Тамоми умр монда нашуда, ҳамчун муҳаррики худкор меҳнат мекунад. Медаву рӯда набошад- изҳор мекунад савумӣ, дил ҳам аз кор мемонаду ақл ҳам тира мешавад. Бе хӯрока ҳаёт нест. Чашм чӣ- мегӯяд дигаре магар бе чашм, зебогиву латофати дунёро дида метавонӣ?, гӯш ҳам- бе шунавоӣ олами  беҳамтои мусиқӣ бениёз мемонд.

Чунин тахайюлоти баҳснокро бе охир давом додан мумкин аст. Сутунмӯҳра қадди мавзуни моро рост нигоҳ медорад, имконият медиҳад, дастони озод оламро обод созад. Забон афзалияти бузурги инсонро дар олами зинда нишон дода, имконияти муоширати фаъолро бо диггарон фароҳам меорад. Шуш, ҷигар, гурда вазифаҳоеро иҷро мекунанд, ки бе онҳо зиндагӣ нест.

Дар ин мубоҳиса ва муколамаи доманадор, фарде ҳақ аст, ки муҳим будани ҳамаи узвҳои инсониро эътироф намояд. Офаридагор ҷисми инсонро хеле мураккаб бунёд кардааст. Меъдаву рӯда чун коргоҳи кимиёӣ хӯрокаро ҳазм намуда ба ҳуҷайраҳои ҷисми инсон ғизоҳои лозимиро мефиристад, то  қувваю тавоноии ҷисм барқарор гардад. Шуш ҳарисона ҳаворо даркашида кислород ҳосил мекунад. Хун бошад кислород ва маводи зарурии аз хӯрока гирифта шударо ба тамоми аъзои бадан бурда мерасонад. Чигари ғамхор хунро тоза карда бо меъёри зарурӣ ба ҳар як ҳучайраи бадан мефиристад. Майна бо риштаҳои сершумори асаб маълумоти заруриро қабул намуда, онҳоро таҳлил мекунад ва бо тезӣ ба узвҳои лозима фамон медиҳад, то ки онҳо бо танзим фаъолият кунанд. Ягон узв, ягон қисми аъзои бадан танбалӣ намекунанд, ҳамаи узвҳо  фаъол, машғули кор мебошанд.

Инсоният дар натиҷи таҷрибаи чандинҳазорсолаи ҳаёти якҷояи одамон ҷомеаро айнан мисли ҷисмии худ буёд кардааст. Сарварон, олимон, аҳли адаб ҷомеаро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ мекунанд, низомиён оромиву адолатро пойдор нигоҳ медоранд, коргарон маводи барои ҳаёти моддӣ заруриро меофаранд, деҳқонон хӯрокаву ғизоро таъмин мекунанд, зиёиён ҷомеаро бо      ғизои маънавӣ таъмин мекунанд, воситаҳои ахбори умум аҳли башарро бо маълумоти зарурӣ шинос сохта, алоқаи байни узвҳои гуногуни ҷомеаро ба роҳ мемонад. Иқтисодиёту маънавиёт, одамоне, ки ин ду самти ҳаёти ҷамъиятро пеш мебранд бемайлон,  бетанаффус монда нашуда фаъолият мекунанд. Беҳуда нест ки ҷомеашиносон ҷомеаро организми том, ягонаи иҷтимоӣ мешуморанд ки узвҳои таркибии он муттасил бомаром амал мекунанд. Солимии ҷомеа, рушду нумӯи он, суботи иҷтимоӣ, маҳз тавассути фаъолияти бонизоми узвҳои таркибии ҷамъият таъмин карда мешавад.

Имрӯз – ибтидои садаи бистуякӯм дар чандин кишварҳо – ҷомеҳои гуногун дар таркиби ҷомеа пайдо шудани унсурҳои мухолиф аз қабили терроризм, экстремизм, рақобатҳои носолим, истифода ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ифротгароӣ, маҳал ва миллатпарастӣ, нажодпарастӣ, таҳдиди абарқудратҳо ба кишварҳои кӯчак, кӯшиши аз нав тақсим намудани нуфуз дар минтақаҳои олам, мушоҳида мегардад, ки ин падидаҳо фаъолияти унсурҳои муҳимтарини ҷомеаро халалдор мекунанд. Танҳо дар кишварҳое, ки сиёсати оқилонаро пеш гирифта, худро аз таъсири падидаҳои носолими иҷтимоӣ эмин нигоҳ медорад, оромӣ, субот, сулҳ, равнақи самтҳои гуногуни ҳаёти  ҷамъиятӣ таъмин мегрдад.

Бо мамнуният ва шукргузорӣ қайд кардан воҷиб аст, ки дар Тоҷикистони мо ба шарофати истиқлолият ва фаъолияти пурсамари шохаҳои гуногуни ҳокимият бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷомеаи мо дар роҳи бунёд намудани сохти адолатпеша, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта, барои табдил додани кишвар аз давлати аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ иқдомҳои устуворона роҳандозӣ карда истодааст.

 

                                 С. Муртазоев

You might also like