Экстремизм- мояи нигаронии ҷомеа
Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифродгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
Ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.
Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мояи ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст
Аз ин рӯ ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва дар мутамаддитарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.
Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир, бидуни пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзишу паҷӯҳишоти зарраҳои дохилиатомию метагалактикаҳои олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифродгароӣ ҳанӯз хатарафзо, ташвишовар ва даҳшатафкан боқӣ мемонад (1).
Дар мулоқоти навбатии худ бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пиромуни хатари муосир сухан ронда, бо назардошти вазъи кунуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таваҷҷӯҳи равшанфикрони кишварро ба афзоиши хатари терроризму ифродгароӣ ҷалб намуд.
Дар робита ба ин дар назди ҷомеашиносони кишвар масъала гузошт, ки барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳкими масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Воқеан, дар шароити имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифродгаронаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо мансуб мегарданд. Ошноӣ бо ҷахонбинӣ ва бунёди мафкуравӣ, инчунин усулҳои муборизаи ин гурӯҳҳо зарурати омӯзиш ва мавриди тааммул мебошанд, зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеаро метавонад ба муаммои сарбасте рӯбарӯ карда, боиси хараҷу мараҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шавад.
Дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз-интишори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид, ки бесабаб нест.
Зеро чунонки таъкид гардид, дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амалиёти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Тавре, ки сарвари мӯҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намуданд олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсияи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳуруфотпарастиву ифродгароӣ инчунин таҳкими масоили демакратикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд.