Изҳороти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия нисбати паймонсозии хоинон
Паймони милли Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон бо муттаҳид сохтани якчанд ташкилотҳои дигар дар мисоли: «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи маркзӣ» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, таъсис ёфтааст.
Паймони мазкур дар зери ниқоби ба рўяш кашида гўё, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони мамлакатро ҳимоя ва ҳифз мекунад баромад карда дар асл ҳамчун як шоҳаи ТТЭ ҲНИ бо ташкил ёфтани худ ҳамчун паймони навӣ сулҳ ба мисли найрангҳои солҳои навадум азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад. Аммо як чиз маълум аст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст. 15 августи соли 2019 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони милли Тоҷикистон – ҳамчун иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Ҳамчунин сомонаи интернетии ин ташкилот баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видионаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди мамлакат манъ карда шудааст.
Мо, тоҷикистониён дар асоси сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зидди ҳама гуна ташкилотҳои иртиҷоӣ мубориза бурда, сардорон ва аъзоёни Паймони милли Тоҷикистонро ҳамчун фарзандони халқи тоҷик эътироф накарда, онҳоро ҷузъе аз хоинони Ватан мешуморем.
Аъзоёни кафедраи ҳуқуқи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ