ТАНЗИМИ АНЪАНА ОМИЛИ МУҲИМИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИИ ҶАВОНОН
Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти мардуми кишвар рўйдоди муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Амали 10-соли қонун аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин давра миқдори гирифтани қарз аз бонк барои гузаронидани тўю маъракаҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвар поён фаромада, ҳаҷми харҷи маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба тўю маъракаҳо кам гардида, пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо зиёд шудааст. Ба ибораи Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қонунгузории муосири кишвар бо қабули чунин як қонуни аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ дар ҷодаи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, инчунин, дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ раванди тоза пайдо кард».
Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар роҳи расидан ба чунин дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодӣ пеш аз ҳама мақом ва нақши Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр назаррас буда, маҳз эшон 10 сол қабл бо намояндагони мардум мулоқот намуда, қабули қонуни мазкурро дар самти беҳтар намудани шароити иҷитимоии сокинони кишвар муҳим ва зарур шумориданд.
Дар навбати худ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ки яке аз зинаҳои муҳими ҳокимияти иҷроия дар самти татбиқи сиёсати кишвар ба ҳисоб рафта, ба танзим даровардани расму оин ва маросимҳо саҳми арзанда доранд. Ҳамзамон дар татбиқи қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дорад, саҳми роҳбарону кормандони мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо назаррас аст. Зеро, онҳо бевосита бо мардум ва намояндаҳои онҳо сару кор доранд. Аз ин ҷиҳат вохўриву мулоқотҳои пайваста бо сокинон ва дуруст фаҳмонидани аҳамияти қонун барои ҳаёти мардум метавонад самараи нек бидиҳад
Натиҷаи амали чандсолаи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ нишон дод, ки он дар ҳақиқат ба беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоии мардум оварда мерасонад. Вале ба ин нигоҳ накарда дар ин давра боз ҳам баъзе қонунвайронкуниҳо ва исрофкорӣ дар анҷоми тўю маъракаҳо ва гузаронидани маросими азодорӣ аз тарафи шахсони алоҳида ба чашм мерасад. Аз ин лиҳоз бо дарки чунин вазъият ва барои боз ҳам беҳтар намудани имконияти ҷавонон ба таҳсил, боло бурдани сатҳи некўаҳволии шаҳрвандон, бо ташаббуси Пешвои миллат ва бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандон ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Ҳоло дар қонуни нав вобаста ба маросими азодорӣ ва таъзия «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом муқаррар гардидааст. Дар бобати тўйи домодию арўсӣ ташкили маъракаи фотиҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рўйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арўс, ба истиснои тақдими тўҳфаҳо барои домоду арўс ва падару модари онҳо манъ аст. Дар асоси қонуни нав чандин маъракаҳои вобаста ба таваллуди тифл аз қабили номгузорӣ, гаҳворабандон, муйсаргирони тифл ва ҳамчунин хатнасур дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешавад.
Ҳамаи бандҳои нави қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба маъракаҳои таваллуди тифл, тўю хурсандӣ, маросими дафну азодорӣ бо мақсади роҳ надодан ба исрофкорӣ ва беҳбуд ёфтани шароити иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд.
Имрўз тартиби маросими азодорӣ ва таъзия аз ҷониби се мақомоти босалоҳияти соҳа: Шўрои уламои ҷумҳурӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои илмии муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, ки он мувофиқи аҳкоми шариат, мутобиқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои миллӣ омода гардидааст. Агар то имрўз забҳи чорво ва оростани дастархон дар маросими азодорӣ чун аъана риоя мегардид, дар қонуни нав чунин амалҳо манъ шудаанд.
Бо мақсади тарбияи маънавии ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба фарҳанг, адабиёт ва санъату ҳунар дар шаҳр маҳфили адабиву фарҳангии «Шаҳдрез» таъсис дода шуда, бо иштироки шахсони барўманду фарҳангӣ, олимон, собиқадорони шинохта, аҳли қалам ва ҷавонон сўҳбату мулоқотҳо мунтазам моҳе як маротиба доир карда мешавад. Дар ин радиф бо мақсади пойдории оилаҳо, вусъати корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавондухтарон, аз наздик шинос намудани онҳо бо ҳаёт ва фаъолияти занҳои рўзгордида махфилҳои «Хушдоман» ва «Дугонаҳо» таъсис дода шудаанд. Таҷрибаи дигаре, ки бисёр омўзанда аст, ин иштироки ҷавонон дар рўзи қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр мебошад. Баъди анҷоми қабули шаҳрвандон, вобаста ба муроҷиатҳои баррасишудаи шаҳрвандон бо ҷавонон таҳлили онҳо гузаронида мешавад. Аксарияти чунин чорабиниҳо дар самти ҷалби ҷавонон ба донишомўзӣ, худогоҳӣ, баланд бардоштани маънавиёти онҳо, дуруст расонидани сиёсати иҷтимоиву иқисодии давлат, аз ҷумла, қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Бешак чунин тадбиру талошҳои оқилона натиҷаҳои нек ба бор хоҳад овард. Гузашта аз ин ҷоиз аст, ки таҷрибаи мазкур аз тарафи намояндагони дигар шаҳру ноҳияҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Мо ҷавонон, ҷавобан ба ин талошу кўшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро дастури зиндагӣ қарор бидиҳем. Ба ибораи Роҳбари давлат «то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаю зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Хулоса, тамоми кўшишу талошҳои Пешвои миллат дар роҳи ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба беҳтар гардидани шароити иҷимоиву иқтисодии аҳолии кишвар мусоидат намуда, ба рушди дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири назаррас хоҳад гузошт.