ПАЁМИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳар як шаҳрванди ватандӯстро огоҳ менамояд, ки нисбати ободиву сарсабзии ин кишвар масъул бошанд.
Дар Паёми навбатӣ Президенти муаззами миллат зикр намуданд, ки соли 2024 сатҳи таваррум дар кишвар 3,6 дарсадро ташкил кард. Дар панҷ соли охир бошад, сатҳи таваррум ҳамагӣ 29 дарсадро ташкил додааст.
Изҳор доштанд, ки дар ин давра маоши буҷавӣ 4 маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023, 2024 ва дар маҷмуъ ба андозаи 100% зиёд карда шуд, ки ҳамаи ин ғамхорӣ ба мақсади баланд намудани сатҳи некуаҳволии миллат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонаашон ба парлумони Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар дар панҷ соли охир зиёда аз 197 млрд сомонӣ равона шудааст, ки ин дар муқоиса ба солҳои пеш якчанд маротиб зиёд аст.
Вобаста ба соҳаи маориф ва ҷалби наврасон ва кӯдакон ба муассисаҳои таълимиву варзишӣ дар се соли охир беш аз 1 ҳазору 500 муассисаҳои таълимӣ, 660 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 470 иншоот дар соҳаи варзиш ва 175 иншооти фарҳангу фароғат бунёд шудаанд.
Махсусанд қайд намуданд, ки дар ҳамаи ин корҳо саҳми соҳибкорон ва сокинон бузург аст. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, дар 3 соли охир барои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша беш аз 20 млрд сомонӣ равона карда шуд.
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1 уми январи 2027 моратория эълон шавад, ки ин шумораи санҷишҳоро манъ намуда барои рушди иқтисодиёти миллӣ ҳиссаи калон мегузорад.
Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ба аҳолӣ дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин қарзҳо бисёртар барои рушди соҳибкорӣ дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ва махсусан ноҳияҳои дурдаст амалӣ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз таъкид намуданд, … бобати идома додани ин раванд Бонки миллӣ бояд барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ва низоми бонкӣ, инчунни ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасонии бонкию молиявӣ чораҷӯӣ намояд.
Дар ин асос супориш дода шуд, ки барои таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоти қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасонии босифати бонкӣ махсусан дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд ва фаъолияти онҳо ҷоннок карда шавад.
Аз ҳама муҳим, барои рушди иқтисодиёт, яъне зиёд истеҳсол намудани маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот равон намудани он маҳдудияти барқ аз моҳи майи соли 2027 пурра барҳам дода шуда, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энерегетикӣ ноил мешавад.
Боз шиори сарвари муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доимӣ вирди забон аст:
ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!
ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПЕШ!
ТОҶИКИСТОН БО ХАЛҚИ МЕҲНАШКАШУ ВАТАНДӮСТАШ БА ПЕШ!
Мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ,
д.и.и., профессор, ДДҲБСТ, Дадоматов Д.Н.