Маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар ИМД-и солҳои 2023-2024

22-юми ноябри соли 2024 дар толори Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар ИМД-и солҳои 2023-2024 ба таври идона бо иштироки намояндагони Ҳукумати кишвар, роҳбарони аввали сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва донишҷӯёну толибилмон баргузор гардид.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот аст, кӯшиш намуда, бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо ҳар сол маросими қадр кардани даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон аз ҳамаи субтестҳо дар имтиҳонҳои номбурда мақоми болотаринро соҳиб мешаванд (номинаи якум), муайян ва баргузор менамояд.
Хушбахтона, дар ин маросими мукофотсупорӣ ду нафар донишҷӯёни курси якум сазовори ҷойи аввал шуданд, ки бо ин дастовард донишгоҳи мо дар миқёси донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷои сеюм ва дар миқёси вилоят ҷои якумро сазовор гардид.
Дар рӯйхати даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, дар ҷойи аввал Ҷӯрабоев Акрамхон Амирхонович қарор дорад.
Дар рӯйхати довталабони беҳтарини дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро соҳибшуда, дар ҷойи аввал Ҳусейнов Муҳаммадхолид Баҳромович қарор дорад.
Ин дастовардҳои кулли омӯзгорон ва ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ мубораку фархунда бод!