ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК

Истиқлолияти давлатӣ ба дипломатия алоқамандии зич дошта якеро бе дигаре тасаввур кардан хеле мушкил аст.

Яке аз нишонаҳои соҳибистиқлолии давлат маҳз дар он таҷассум мегардад, ки бояд мустақилона муносибатҳои худро бо дигар давлатҳо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ба роҳ монад. Дар сурате, ки давлат озодона самти сиёсати хориҷӣ ва дохилии  худро  дар муносибатҳои байналхалқӣ муайян  ва муаррифӣ карда наметавонад пас ҳоҷати ин давлатро давлати соҳибистиқлол гуфтан нест.

Алоқамандии истиқлолият ба дипломатия дар он таҷассум мегардад, ки ҳар як давлати тозаистиқлол, нав соҳибистиқлолии худро ба даст овардааст, бояд зинаи эътирофнамоиро гузарад. Зинаи эътирофнамоӣ барои дар оянда бо он давлатҳое, ки шуморо ҳамчун давлати мустақил эътироф намудаанд, ҳамкорӣ намудан зарур мебошад.

Раванди эътирофнамоӣ ба дипломатия алоқаманд аст. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки истилоҳи «эътирофнамоӣ» ба луғати дипломатия дар охири асри XVI ва оғози асри XVII ворид гардидааст. Эътирофнамоӣ – санади байналхалқӣ-ҳуқуқие мебошад, ки заминаи ҳуқуқии танзими равобитро байни субъектони мавҷудбудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва субъектони тоза пайдошударо ба вуҷуд меорад. Сухан дар бораи эътирофнамоии кишваре меравад, ки дар натиҷаи инқилоби иҷтимоӣ, муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ, муттаҳидшавии кишварҳо ва ё баръакс эъломияи мустақилият қисми ҷудогонаи кишваре пайдо шудааст».

Дар муносибатҳои байналхалқӣ ду навъи эътирофнамоӣ вуҷуд дорад: де – факто ва де – юре.

Эътирофнамоии де-факто расмӣ мебошад, вале моҳияти он нопурра аст. Аломати асосии он маҳдудияти алоқаҳои сиёсӣ ва ба роҳандозии равобити тиҷоратӣ, консулӣ ва ғайра мебошад. Ин навъи эътирофнамоӣ зинаи асосии эътирофи де-юре мебошад.

Эътирофнамоии пурраи расмӣ – де-юре, заминаи ҳуқуқии истиқрори равобити дипломатиро байни кишварҳо фароҳам меорад. Санади эътирофи кишвари дигар метавонад изҳороти як ва ё якчанд кишвар оиди истиқрори равобити дипломатӣ бошад. Лекин баҳри истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳо санади дуҷониба зарур аст. Маҷмуи  аснод табодули ёддоштҳо, мактубҳои шахсӣ ва ё барқияҳоро дар сатҳи олӣ, байни вазирони корҳои хориҷӣ, имзои протоколи мувофиқашуда ва ё коммюникеи муштаракро ташкил менамоянд.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан даркор аст, ки истиқлолият бе дипломатия ва дипломатияро бе истиқлолият тасаввур кардан ғайриимкон аст. Кишвари мо низ баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолии худ ин зинаҳои эътирофнамоиро паси сар намуда, ба рушди дипломатияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт.

Бо вуҷуди он, ки ин сохтори навташкилшудаи давлатӣ, яъне Вазорати корҳои хориҷӣ ба тавраи пурра фаъолият накарда бошад ҳам, он як ҷузъи ҳамонвақтаи ҳукумат буд. Маҳз фаъолияти пурра ва озод надоштани Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шўравӣ нишони мустақил набудани он арзёбӣ мегардад.

Доир ба ин масъала дар асари худ Т.Назаров ва А. Сатторзода «Дипломатияи муосир тоҷик» сабабҳои додани ваколатҳо оид ба сиёсати хориҷӣ аз ҷониби ИҶШС ба иттифоқчиёни худро чунин маънидод мекунанд:

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дипломатияи кишвари мо қадамҳои устувори худро дар арсаи байналхалқӣ гузошт ва ҷои ёдоварист, ки ин қадамҳо барои дипломатияи тоҷик осон набуд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлат бинобар сабаби маҳдудиятҳое, ки дар Иттиҳоди Шўравӣ нисбати кишварҳои иттифоқ дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ ва алалхусус дипломатия  ҷой дошт бе таъсир намонд.

Яке аз масъалаҳои мураккабе, ки аз рўзҳои нахустини ташкил намудани Вазорати корҳои хориҷӣ пайдо шуда буд ин масъалаи мутахассисони соҳавӣ ба ҳисоб мерафт, ки ин масъала ба пурагӣ ҳалли худро наёфтааст.

Ҳануз дар соли 1944 дар баробари Комиссари халқии  корҳои хориҷии  ҶСС  Тоҷикистон  мувофиқи маълумотҳои мавҷудбуда боз 42 штати кории дигар дар Комиссари  халқии  корҳои  хориҷии  ҶСС  Тоҷикистон  пешбинӣ шуда буд.  Дар тули ду соли минбаъда Комиссари  халқии  корҳои  хориҷии  ҶСС  Тоҷикистон  аз 42 ҷойҳои холӣ тавонистанд, ки 31 тои онро бо коргар таъмин намоянд. Боқимонда 11 ҷойи кории дигар холӣ боқӣ монд.

Дигар мушкилиҳо ин масъалаи молиявӣ, ҳуқуқӣ (меъёрҳои батанзимдарории фаъолияти дипломатӣ), сохторӣ ва ғайраро номбар кардан мумкин аст, ки дар солҳои аввал дар фаъолияти дипломатҳои тоҷик монеаҳо эҷод мекарданд.

Бо вуҷуди ин давлати мо тавонист, ки дар як муддати кутоҳ муносибатҳои худро бо як қатор давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ ба роҳ монад. Мутассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатӣ дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки он то андоза ба рушди дипломатияи ҷавони тоҷик монеа эҷод намуд.

Хушбахтона ба сари ҳокимият шахси хирадманд, ҷасур ва дипломат Эмомалӣ Раҳмон омад. Маҳз бо  роҳбари хирадмандонаи ў дипломатияи тоҷик боз як саҳифаи навро дар китоби таърихи худ оғоз намуд. Беасос нест, ки Президенти кишварро «Асосгузори дипломатияи муосири тоҷик» ном ниҳоданд. Дар ҳақиқат дар рўзҳои мушкилтарин Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъин шуд. Аз рўзҳои аввал Президенти кишвар ҳамчун дипломат амал намуд. Чунки он кас  ягона роҳи пешгирӣ ва бартараф намудани ҷанги шаҳрвандиро  маҳз дар гуфтушунид медид. Ва шахсан Президенти кишвар дар шароити басо ногувор ва мураккаб ҷони худро дар кафи даст гирифта барои гуфтушунид  бо мухолифин сафарҳо анҷом медод.  Маҳз бо талошҳо ва ҷонфидоии Президенти кишвар миллати тоҷик аз вартаи ҷанг ва нестшавӣ халос ёфта паймони дўстиро бо гуруҳҳои мухолифи давлат баста ба мардуми ҷангзада сулҳу суботро овард.

Ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шудааст, ки ин низ яке аз дастовардҳои сиёсӣ ва дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ин муддати кутоҳи таърихӣ дипломатияи тоҷик тавонист, ки ташаккул ёфта монеаҳои мавҷудбударо паси сар намуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилиҳо дар ҷодаи дипломатия ҳукумат ва давлати Тоҷикистон барои бартараф кардани онҳо саъйю кўшишҳо намуда истодааст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда низ дипломатияи тоҷик боз ҳам рушд намуда ба комёбиҳои назаррас ноил мешавад. Обрўи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд мебардорад ва чандин ташаббусҳои аҳамияти байналхалқидоштаро низ бешниҳод менамояд.

Алиҷонова Адибаҷон Ҳомидовна

муаллими калони кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like