АҲАМИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ ҲУҚУҚШИНОС
Маърифати ҳуқуқӣ падидаи мураккаби бисёрҷанба буда, таҳлили намудҳои он дар баробари маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва шахс ба мо имкон медиҳад, ки маърифати ҳуқуқии касбӣ, аз ҷумла ҳуқуқшиносро ҳамчун шахси дорои дониши амиқ ва дарккунандаи маҳакҳои мубрами ҳуқуқӣ дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ ҷудо намоем.
Ҳуқуқшинос мутахассиси соҳаи ҳуқуқ, илмҳои ҳуқуқӣ ва корманди амалии соҳаи ҳуқуқ аст. Агар ҳуқуқшинос дар вазоратҳо ва идораҳо кор кунад, вай дар тартиб додани лоиҳаи қонунҳо, қарорҳо, санадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ иштирок мекунад. Инчунин ҳуҷҷатҳои мавҷударо баррасӣ ва таҳрир мекунад, ки ба қонунгузорӣ мутобиқ шаванд. Ҳуқуқшиносон инчунин дар суд, прокуратура, мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд. Онҳо парвандаҳои алоҳидаро баррасӣ мекунанд ва натиҷаи онро дар шакли санади муайяни ҳуқуқӣ ба расмият медароранд. Ҳуқуқшиносон барои кор дар корхона, муассиса ва ташкилот низ даъват карда мешаванд. Дар онҷо онҳо ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ машғул шуда, оид ба масъалахои қонунгузорӣ машварат медиҳанд ва ҳангоми зарурат ба суд, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхона, муассиса ва ташкилот барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат мекунад. Ҷомеа ҳамеша ба ҳуқуқшиносҳо тниёз дорад, зеро барои ҳалли баҳсҳо ё санҷиши қонунии ҳуҷҷатҳои таҳияшуда зарурат ҳаст. Ҳуқуқшинос ҳар қадар таҷрибаи зиёд дошта бошад, ҳамон қадар маҳбубият дорад.
Маърифати ҳуқуқии ҳуқуқшинос маҷмӯи донишҳои махсуси ҳуқуқиест, ки ҳангоми таълимоти ҳуқуқӣ, дар ҷараён ва натиҷаи амалияи касбии ҳуқуқӣ, инчунин дар фаъолияти касбии онҳо ва натиҷаҳои он ташаккул ва инкишоф меёбад. Дар байни ин унсурҳо шуури ҳуқуқии касбӣ ҳалкунанда аст, зеро бидуни он пешбурди фаъолияти ҳуқуқшиносӣ ғайриимкон аст. Дар шуур ҳамчун шакли олии инъикоси равонии воқеият, аз ҷумла равандҳои равонӣ (хотира, тафаккур, тасаввурот ва ғайра) ду хусусият муайян карда мешавад, ки ба ҳар як ихтисоси ҳуқуқӣ хос аст: тафаккури касбии ҳуқуқӣ ва техникаи ҳуқуқӣ. Тафаккури ҳуқуқӣ раванди даркнамоии психикии касбии ҳуқуқӣ бо забони ҳуқуқӣ ифода ёфтааст, ки шахсияти ҳуқуқшиносро инъикос мекунад. Аз рўи тарзи тафаккур хусусиятҳои нутқ ва фаъолияти ҳуқуқшинос ҳамчун барандаи маърифати касбӣ муайян карда мешавад. Техникаи ҳуқуқӣ маҷмӯи тарзҳо, усулҳо ва воситаҳое мебошад, ки тибқи қоидаҳои қабулшуда ҳангоми таҳия ва ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини такмили онҳо истифода мешаванд. Риояи қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гарави сифати онҳо мебошад. Татбиқи қонунҳои аз ҷиҳати техникӣ номукаммал хеле душвор ва баъзан имконнопазир аст.
Маърифати ҳуқуқии ҳуқуқшинос бо дараҷаи бонизоми назариявӣ, рушди фалсафӣ, техникаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, касбӣ-арзишӣ муайян карда мешавад. Танҳо дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии донишҷӯи ҳуқуқшинос ин унсурҳо ташаккул меёбанд. Дар рафти фаъолияти касбӣ дар шуури ҳуқуқшинос иловатан доктринаи ҳуқуқӣ, идеологияи ҳуқуқӣ ба амал меояд, ки он дар сатҳи раванд ва натиҷаҳои фаъолияти ӯ инъикос меёбад. Чунки ҳуқуқшинос шахси ҷамъиятӣ буда, фаъолияти ӯ дар шароити робитаҳои доимии иҷтимоӣ сурат мегирад, ки истифодаи воҳидҳои нутқ ва истеҳсоли онҳоро тавре тақозо мекунад, ки маълумот пурра қабул карда шавад. Яъне суханронии у бояд равшан бошаду дарбаргирандаи унсурҳои ҳам хислати касбӣ ва ҳам иҷтимоӣ бошад. Ҳуқуқшинос бояд андешаҳои худро дақиқ, равшан ва мантиқӣ баён карда тавонад. Суханронии ҳуқуқшинос бо возеҳи фикр, ифодаи калимаҳо ва интонатсияҳо, возеҳи талаффуз фарқ мекунад.
Маҳорати баланди касбии ҳуқуқшинос масъулиятро барои натиҷаи ниҳоии қарорҳои қабулшуда ва мувофиқати онҳо ба талаботи қонун пешбинӣ мекунад. Яъне мафҳуми маърифати ҳуқуқии ҳуқуқшинос на танҳо худи ҳуқуқ, балки усулҳои таъмини он, механизмҳои татбиқи онҳоро дар бар мегирад, ки ҳуқуқшиносон ҳангоми амалисозии фаъолияти худ истифода мебаранд.
Ҳадафҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд таъмини манфиатҳои ҷамъият ва шахс, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Шарти ҳалли он таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавии зуҳуроти ғайриқонунӣ ва пайдоиши намудҳои нави онҳо мебошад. Татбиқи ин ҳадафҳо танҳо дар шароити доштани маърифати баланди ҳуқуқии ҳуқуқшиносон имконпазир аст, ки пиёданамоии волои маъно ва арзишҳои ҳуқуқро дар амал ифода мекунад.
Дар суръати маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан ҳуқуқшинос метавонад, ки мутахассиси беҳтарини соҳаи худ бошанд. Бо баробари доштани маърифати баланди ҳуқуқӣ ҳуқуқшинос бояд аз маданияти ҳуқуқӣ низ бархурдор бошад.Дар ҷомеа одамон ба рафтору кирдори ҳуқуқшинос эътибор медиҳанд. Ҳуқуқшинос набояд рафтору кирдоре содир намояд, ки ба обруи ӯ таъсири манфӣ расонад. Дар охир ин кирдорҳои ҳуқуқшинос боиси паст шудани обруи касбии вай мегардад. Барои ба чунин хатогиҳо роҳ надодан ҳуқуқшиносро мебояд, ки ҳам маърифати баланди ҳуқуқӣ ва ҳам маданияти баланди ҳуқуқӣ дошта бошанд.
Эргашева Шарофат Икромовна
ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ,
факултети ҳуқуқшиносӣ, ДДҲБСТ