Истиқлол волотарин дастоварди миллати тоҷдори тоҷик

 

       Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатиамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавононро дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст

Эмомалӣ Раҳмон

        Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991   расман Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург, волотарин дастоварди миллати тоҷдори тоҷик  баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Алҳақ Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки сиву се сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Таърих гувоҳ аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри овозадори таърихии Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Имрӯз – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса намоем, ки  давраи навини давлатсозию  давлатдории  мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисодии Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.

Тавре, ки Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрфт, рамзи асолату ҳувият ва шарти боқои таърихии миллат ва давлат мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромӣ ва эҳтиром намудани муқаддасоти миллиамон – Истиқлол вазифари асосии ҳар як  шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки меваи даврони Истиқлолият аст аз файзи истиқлол дучанд ободу зебо гардида истодааст.

Донишгоҳ имрўз дар партави таваҷҷўҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дорад, ҳанўз  24.01.1995 дар мусоҳиба бо маҷаллаи «Деловой мир» зикр карданд, ки Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад, бо ташаккули ҳамаҷиҳатаи самтҳои фаъолияти худ дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон мавқеи устувор ва шоистаи худро касб кардааст.

Бигзор, Истиқлоли ватани азизамон садсолаҳо пойдор бимонад ва мандуми ватанпарвару меҳнатдӯст, заҳматкашу ба ору номуси кишварамон қарнҳои қарн дар фазои сулҳу субот, осмони соф, осоиштагӣ зиндагӣ ба сар барад.

  Атоева Мамлакат Мухторовна,

                                                             н. и. ф., дотсенти кафедраи забони русии

ДДҲБСТ

You might also like